Зимни мулоқоти мудири мувақатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бо ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс масъалаи дастгирии бонк аз ҷониби ин ниҳоди молӣ баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», дар рафти мулоқот Мудири муваққатӣ меҳмононро бо шарҳи вазъи имрӯзаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» шинос намуд. «Ҷонибҳо дар мавриди татбиқи Барнома механизми васеи қарздиҳии ХБА, зарурати расонидани кӯмак, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдодашуда фикру андешаҳои худро баён дошта, ҷаноби Пол Росс аз вохӯрӣ бо Мудири муваққатӣ изҳори қаноатмандӣ намуд», - омадааст дар маълумоти бонк.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ бо ҳайати намояндагии ХБА мудири муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҷиҳати иҷрои нақшаҳое, ки барои солимгардонии Бонк равона мегардад изҳори ақида намуд, ки аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон «Тоҷиксодиротбонк» дар вазъи душвори молӣ қарор дорад. Дар робита ба норасоии захирахои молӣ бонк дар ҳаҷми пурра ва саривақт наметавонад хизматгузориҳояшро ба мизоҷон анҷом диҳад.
Ёдрас мекунем, ки аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ки ахиран мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.
Қаблан иттилоъ дода будем , ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон - «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.
Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.




Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст
Маркази патенту иттилоот мегӯяд, Тоҷикистон қариб 3600 ихтироъкор дорад. Онҳо чӣ навоварӣ кардаанд?
Бонки миллӣ гуфт, талош дорад се бонки Тоҷикистонро аз зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо раҳо кунад
Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд
Боздошти як мард бо иттиҳоми куштори хазинадори НФС- и "Азия-Нефт" бо зарби 20 корд
Муовини раиси Конибодом барои тақсими ғайриқонунии замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар вазифааш кор мекунад
"Ду моҳи дигар муҳлат доданд". Оҷонсии нафақа сабаби тӯл кашидани бақайдгирии нафақагиронро шарҳ дод
Боздошти як муовини комиссари ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 31
Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар нишасти ҷаҳонии "India AI Impact Summit 2026"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста