Президенти Маркази таҳлили Украина иқтисодчӣ Александр Охрименко зимни як нишасти хабарӣ изҳори нигаронӣ кардааст, ки миёни кишварҳои узви ИДМ нисбат ба Украина танҳо дар Тоҷикистон андозаи музди меҳнат пасттар аст.
«Украина миёни кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон бо музди меҳнати пасттарин рекорд гузошт. Нисбат ба мо танҳо дар Тоҷикистон маош камтар аст, ҳатто Қирғизистон аз мо пеш гузаштааст. Дар ҳамин ҳол, замонҳое буд, ки миёни кишварҳои ИДМ мо аз рӯи ҳаҷми музди меҳнат мақоми чорумро доштем», - хабар медиҳанд ВАО-и Украина бо такя ба гуфтаҳои номбурда.
Ӯ қайд кардааст, ки давоми се соли нопурра баъди оғози Евромайдон музди меҳнати миёна дар Украина ба андозаи 53% поин рафта, дар муқоиса бо 411 доллари соли 2013 феълан 195 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ин Марказ бо такя ба маълумоти мақомоти омори кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон, нимсолаи аввали соли ҷорӣ музди меҳнати миёнаи аз ҳама баландтарин дар Русия - 556 доллари ИМА ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон - 407; Гурҷистон - 391; Арманистон - 386, Беларус - 348, Озарбойҷон - 316, Молдова - 242, Қирғизистон - 202, Украина - 195 ва Тоҷикистон - 116 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Зикр мегардад, ки тӯли се соли ахир музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 2% - аз 114 доллар дар соли 2013 то ба 116 доллар то имрӯз афзудааст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи майи соли ҷорӣ музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон 910,44 сомонӣ (115,7 $)-ташкил додааст.




“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Русия дастрасӣ ба “WhatsApp”-ро пурра баст. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд
Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд
Хадамоти алоқа: Акнун таҷҳизоти Starlink-ро метавон дар сомонаи ин ширкат сабтином кард
“Барқи тоҷик” ваъда дод, ки дар моҳи Рамазон дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 17 соат барқ медиҳанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 29
“Ҳеҷ як парванда боз нашудааст”. Тоҷикистон касеро барои иштирок дар ҷанги Русия зидди Украина муҷозот накардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста