Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо президенти Палатаи савдо ва саноати Япония-Токио Тору Ишида дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Япония мубодилаи афкор намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, сохторҳои соҳавӣ ва соҳибкоронро бо дарназардошти имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар бораи вазъи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории кишвар, рушди мунтазами ин соҳаҳо ва навовариҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ маълумот дода, ҷонибҳо таъкид карданд, ки баргузории вохӯриҳо ва чорабиниҳо миёни намояндагони соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистону Япония нақши муассир дар тавсиаи ин самт хоҳанд дошт.
Зикр мегардад, ки Палатаи савдо ва саноати Япония-Токио 515 намояндагиҳои маҳаллӣ дар шаҳру музофотҳои кишвари иқомат дорад ва аъзоёни он беш аз 1,250 миллион нафар соҳибкори хурду миёна ва корхонаҳои япониро ташкил медиҳад. Ин ниҳод бо дигар кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорат, кишоварзӣ, технология, сармоягузорӣ ва ғайра фаъолона ҳамкорӣ менамояд.



