Ҳудуди 14%-и нерӯи барқи моҳи август дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Қирғизистон интиқол дода шудааст.
Энергетикҳои тоҷику қирғиз муддати тӯлонӣ дар мавриди нархи он ба созиш расида натавониста буданд, вале тавре аз гузориши моҳи сентябри «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» бармеояд, ба ҳар ҳол онҳо як тавофуқе дар ин маврид ҳосил кардаанд. Гузориши мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон омода мегардад.
Бино ба маълумоти ин гузориш, моҳи августи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон 10,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ (моҳи августи соли 2015 - 42,4 млн. кВт/соат) интиқол дода шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин давра ба Афғонистон аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ дар ҳаҷми 207,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи августи соли 2015 ба миқдори 21,8 млн. кВт/соат зиёдтар аст.
Бо такя ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик» зикр мегардад, ки моҳи август ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда 1 млрд. 557 млн. кВт/соат ё худ 50,2 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июли соли равон дар сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон иттилоъ дода шуд, ки Қирғизистон бори навбатӣ бо Тоҷикистон масъалаи имкони интиқоли барқ дар мавсими тобистон ба ин кишвар ва мубодилаи нерӯи барқ миёни давлатҳоро баррасӣ карданист.
Баъдан санаи 2 август раиси ширкати Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода ба рӯзноманигорон хабар дод, ки афзоиши талаботи Тоҷикистон ба нерӯи барқ, аз ҷумла ба истифода додани иқтидорҳои нави саноатӣ дар вилояти Суғд ва зиёд шудани талаботи пойгоҳҳои обкашӣ имкон надод, ки он дар мавсими тобистон ба Қирғизистон интиқол дода шавад.
Ҳамчунин Исмоилзода илова намуда буд, ки мавсими тобистони соли равон дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон партоби холии баробар ба истеҳсоли 4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ сурат гирифтааст.



