Дар баробари доллари ИМА, евро, йенаи Ҷопон ва фунти бритониёӣ, пули миллии Чин - юан ба сифати асъори панҷум ба сабади ҳуқуқҳои махсус дохил мешавад.

Шӯрои мудирони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) 30 ноябри соли 2015 дархости Пекинро қонеъ ва қарор кард, ки баъди 10 моҳ арзи миллии Чин - юанро ба сабади асъори худ дохил мекунад.   Аз 1 октябри соли 2016 акнун дар саросари ҷаҳон панҷ асъори захиравӣ расман амал хоҳанд кард.

Қароргоҳи ХБА дар Вашингтон

Deutsche Welle хотиррасон мекунад, ки Нахуст дар ин сабад 16 асъор мавҷуд буда, соли 1981 шумори онҳо то 5-тои асосӣ - доллари ИМА, маркаи Олмон, франки Фаронса, фунти Бритониё ва йенаи Ҷопон кам карда шуд. Соли 2000 баъди ба муомилот баровардани пули аврупоӣ, марка ва франк ҷойҳои худро ба евро доданд.