Вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки қисмати хароҷоти буҷети давлатии соли 2017 ба миқдори қариб 1 млрд. 270 млн. сомонӣ (беш аз 160 млн. доллари ИМА) зиёд карда шавад. Аз ҷумла, Вазорати молия хоҳони 80 млн. сомонӣ афзудани ҳаҷми маблfғгузорӣ ба мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ мебошад.

Вазорати молия пешниҳод намудааст, ки дар лоиҳаи буҷети соли 2017, ки айни замон мавриди баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, қисмати хароҷот дар ҳаҷми 19 млрд. 863 млн. сомонӣ муқаррар карда шавад.

Қобили зикр аст, ки қисмати хароҷоти буҷети давлатии соли равон нахуст дар ҳаҷми 18 млрд. 595 млн. сомонӣ муқаррар шуда, вале баъдан бинобар сабаби пайдо шудани «падидаҳои буҳронӣ», ҳукумати кишвар маҷбур шуд, ки нишондиҳандаҳои он дар қисмати хароҷотро  бозбинӣ намояд.

Тобистони соли равон вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён изҳор дошта буд, ки бо назардошти пурзӯр шудани таъсири буҳрони иқтисодӣ тасмим гирифта шудааст, ки ҳаҷми қисмати хароҷоти буҷет 450 млн. сомонӣ камтар мешавад.

«Ин асосан ба даст кашидан аз хароҷоти дуюмдараҷа - харидории автомашинаҳои хизмативу мебел барои вазорату идораҳои давлатӣ, таъмири биноҳои давлатӣ ва ғайра дахл дошта, барои анҷоми ин корҳо 200 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд. Маблағи боқимонда воситаҳои захиравии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат мебошанд», - қайд карда буд вазир.

Қисмати даромади буҷет барои соли оянда дар ҳаҷми 14 млрд. 705 млн. сомонӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2016 ба миқдори 766 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Касри буҷет барои соли 2017 дар сатҳи 0,5% аз ҳаҷми умумии ММД - ба маблағи 295 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Интизорӣ меравад, ки лоиҳаи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017-ро ахири ҳамин ҳафта ҳукумат барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод мекунад.

Мебояд гуфт, камбуди буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон зиёда аз 335 млн. сомонӣ (беш аз 42 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 12 млрд. 567,8 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 97,4%-ро ташкил медиҳад.

Маъмулан ҳудуди 65% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатиро маблағҳо аз пардохти андоз ташкил дода, ҳиссаи даромадҳои ғайриандозӣ то 10% мерасад ва ҳаҷми боқимонда ба даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, даромад аз сармоя ва ғайра рост меояд.