Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда қариб тамоми ҷумҳурӣ бе нерӯи барқ монда буд. Айни замон мутахассисон сабабҳои онро таҳқиқ мекунанд.

«Барои муайян кардани сабабҳои бозистии кори агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Норак комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Пас аз анҷоми кори ин комиссия натиҷаҳои он ба ҳамагон шарҳ дода мешавад», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик».

Зимнан зикр гардид, ки кори комиссияи зикршуда ҳадди ақал ду ҳафта идома хоҳад ёфт.

Қаблан аз ширкат иттилоъ дода буданд, ки ин ҳолати ғайримунтазира дар Тоҷикистон бинобар сабаби бозистии агрегатҳои нерӯгоҳи Норак ба иллати носозиҳо дар низоми энергетикии кишвар ва таври автоматӣ ба кор даромадани низоми зиддисадамавӣ ба вуҷуд омад.

«Бо ин сабаб соати 18:29 дақиқаи рӯзи 28 октябр қариб ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли барқ қатъ шуд. Танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барқ таъмин буд», - гуфт ба «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи бонавбат дубора ба кор даровардани агрегатҳои нерӯгоҳ ва таъмини кори хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, марҳила ба марҳила интиқоли барқ барқарор карда шуд.

«Шоми ҳамин рӯз раиси ширкат Мирзо Исмоилзода тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ин вазъро шарҳ дода, барои рӯйи кор омадани чунин ҳолати ногувор аз аҳолӣ маъзарат хост», - иттилоъ дод Ёдгорӣ.

Айни замон низоми энергетикии ҷумҳурӣ бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад.