Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тағйирот ворид намуданд. Акнун қонуншиканон дар ин самтро натанҳо ҷарима, балки мусодираи воситаи нақлиёте низ интизор аст, ки тариқи он маҳсулоти қочоқӣ ворид шудааст.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии палумон сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки қочоқи маҳсулот ба Тоҷикистон бештар аз қаларави кишвари ҳамсояи Қирғизистон сурат мегирад ва ба ин ҳолат масоили ҳалношудаи марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои марзи ду кишвар мусоидат мекунанд.
Танҳо моҳи сентябр аз ҷониби гумрукчиёни кишвар 201 ҳодисаи тариқи қочоқ ворид кардани маҳсулот ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 4 млн. 330 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст.
Баъди суханронии роҳбари Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ин самтро якдилона дастгирӣ карданд.
Мувофиқи тағйироти тасдиқшуда, минбаъд шахсони ба қаламрави ҷумҳурӣ маҳсулоти қочоқиро воридкарда, ба маблағи арзишаш баробар ба ду маротибаи маҳсулоти воридкардаашон ҷарима мешаванд. Қаблан ҳаҷми ин ҷарима аз маблағи як баробари маҳсулоти воридшуда зиёдтар набуд.
Ғайр аз ин, мутобиқи ин тағйирот ба кодекс, акнун воситаи нақлиёте, ки тариқи он маҳсулоти қочоқӣ ба Тоҷикистон ворид шуда буд, ба нафъи давлат мусодира мешавад.



