Ба ҳукумати Тоҷикистон имсол ба гумони ғолиб муяссар хоҳад шуд, ки таваррумро дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳ нарху тарифҳо 5,2% боло рафта, афзоиши нархи билети ҳавопаймоӣ ба андозаи 44% аз ҳама назаррастар аст.

Сатҳи миёнаи моҳонаи таваррум дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 0,52%-ро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, агар то охири соли равон ягон чизи ғайритабиие дар ин самт ба вуқӯъ напайвандад, мизони таваррум аз рӯи натиҷаҳои сол на бештар аз 6,3%-ро ташкил хоҳад дод. Ҳукумат бошад, сатҳи таварруми соли 2016-ро ба андозаи 7% пешбинӣ карда буд.

Бо вуҷуди ин, сатҳи таваррум тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ аллакай 0,1% бештар аз мизони таварруми тамоми соли гузашта аст. Ёдрас мекунем, ки соли 2015 мизони таврррум дар ҷумҳурӣ ба 5,1% баробар шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, таваррум имсол аз ҷумла аз ҳисоби болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ (5,2%) ташаккул ёфта, нархҳо бештар ба ярмаи марҷумак (гречневая крупа) - 36%, себ - 35%, сабзӣ - 25% ва шакар - 21% афзудаанд.

Арзиши маҳсулоти ғайриғизойӣ аз оғози сол 5% боло рафт. Ин болоравӣ аз ҳисоби афзоиши нарх ба қолинҳои нимапашмӣ - 35%, куртаҳои мардона - 20%, дастгоҳу таҷхизоти доруворӣ (фармасевтӣ) - 10% ва ғайра ба вуҷуд омадаанд.

Тӯли 10 моҳи соли равон нархҳои хизматгузориҳои пулакӣ ба аҳолӣ 5,3% боло рафтанд. Масалан, аз оғози сол арзиши сафар бо ҳавопаймо 44%, истифодаи гази моеъ - 23% ва нархи билетҳои қатораҳои роҳи оҳан - 1,5% зиёд шудаанд.