Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз, 16 ноябр лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи «Барномаи қарзҳои давлатии хориҷии ҶТ барои давраи солҳои 2017-2019»-ро якдилона дастгирӣ карданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён изҳор намуд, ки тибқи ин барнома се соли оянда ҷалби беш аз 967 млн. доллар ба сифати қарзҳои имтиёзнок дар назар аст, ки ба рушди самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла нақлиёту коммуникатсия, бахши кишоварзӣ, энергетика ва тандурустӣ равона мегардад.

Бо ин маблағ сармоягузорӣ ба 98 лоиҳа дар назар аст, ки қисмате аз онҳо аллакай дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд.

Қурбониён зикр кард, ки ин воситаҳо аз ниҳодҳо ва фондҳои молии байнулмилалӣ дастрас карда мешаванд. Воситаҳои қарзӣ имтиёзнок буда, муҳлати пардохти онҳо 20-40 сол бо меъёри фоизии 0,15-2%-и солонаро ташкил хоҳад дод.

Миёни қардиҳандагони асосии Тоҷикистон се соли оянда Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд ва Фонди рушди Кувайт номбар шуданд.

Вазири молия ҳамчунин изҳор дошт, ки сол то сол ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) коҳиш меёбад. Масалан, агар соли 2002 ҳаҷми қарзи хориҷӣ нисбати ММД 108%-ро ташкил дода бошад, тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 35,6% нисбати ММД баробар шудааст.

Вакил Сафаралӣ Раҷабов илова кард, ки айни замон Тоҷикистон дар масъалаи пардохти қарзҳои давлатӣ ҳеҷ мушкиле надорад.