Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ номгӯйи корхонаҳои давлатиеро тасдиқ намуд, ки дар онҳо шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
Рӯйхати мазкур аз 31 корхонаи воҳиди давлатӣ иборат аст, ки нисбатан маъруфашон инҳо мебошанд: «Роҳи оҳани Тоҷикистон», «Тоҷиксармоягузор», «Тиллои Тоҷик», «ХМК», «Тоҷикаэронавигатсия», «Тоҷиксуғурта», «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», «Почтаи Тоҷик», «Меҳмонхонаи Душанбе», «Обу корези Душанбе».
Инчунин номгӯйи корхонаҳои давлатие тасдиқ шуд, ки дар онҳо аъзои шӯрои нозирон ва роҳбаронашон аз ҷониби ҳукумат таъин мешаванд.
Дар ин рӯйхат ҳамагӣ 4 КВД зикр шудаанд: «ХМК», «Тоҷикаэронавигатсия», «Роҳи оҳани Тоҷикистон», «Тоҷиксуғурта».
Дастур дода шудааст, ки шӯроҳои нозирони корхонаҳои номгӯйи аввал аз ҷониби мақомоту идораҳои дахлдор то охири ҳамин моҳ таъсис дода шавад.
Лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқӣ дар бораи таъсиси шӯроҳои нозирон дар корхонаҳои номгӯйи рӯйхати дуюм бояд то охири моҳи марти соли ҷорӣ ба ҳукумат пешниҳод карда шаванд.
Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шудааст, ки фаъолияти шӯроҳои нозиронро дар корхонаҳои воҳиди давлатӣ мудом пайгирӣ намуда, ҳамасола то 1 июн дар ин бора ба ҳукумат маълумоти дахлдор пешниҳод намояд.
Дар тағйирот чиҳо пешбинӣ шудааст?
Аввали соли гузашта ба қонун “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ” ва Кодекси гражданӣ тағйирот ворид шуд, ки мутобиқи он давра ба давра дар ҳамаи корхонаҳои давлатӣ бояд шӯроҳои нозирон таъсис дода шавад.
Мувофиқи қонунгузории нав, роҳбарони корхона иҷрокунанда ва шахси ҳисоботдеҳ ба шӯрои нозирон ҳисобида мешавад.
Ин тадбирҳоро ҳукумат беҳбуди идоракунии хавфҳои молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ маънидод мекунад.
Собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода пас аз қабули тағйирот дар палатаи поёнии парлумон изҳор дошта буд, ки то ин дам роҳбари корхона бо усули “яккасардорӣ” амал карда, ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мустақилона ҳал мекард.
“Дар тағйирот ташкили Шӯрои нозирон пешбинӣ шудааст, ки назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатиро таъмин карда, зимнан сатҳи масъулияти роҳбари корхона баландтар мешавад”, - шарҳ дода буд раиси Кумита.
Зикр шуд, ки ваколатҳои Шӯрои нозирон аз идоракунии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхона, тасдиқи буҷети солона, ҳисоботдиҳӣ, аудитор ва дигар масъалаҳо иборат мебошад.
Гап сари қарзҳо
Ҳукумат ҳанӯз соли 2019 ба Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯйӣ шавад.
Бо ин мақсад Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои двлатӣ таъсис дода шуд.
Ин мақомоти нави машваратии назди ҳукумат бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорӣ кардани идоракунии маъмурӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар онҳо беш аз 50%-ро ташкил медиҳад, таъсис дода шуд.
Айни замон ҳудуди 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбатан бузургтаринашон байни онҳо бо саромяои зиёди давлат инҳо мебошанд: ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%).
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, то ҳолати 1 октябри соли 2020 ҳаҷми қарзи умумии корхонаҳои кишвар ба наздики 87 млрд сомонӣ (8,2 млрд доллар) баробар буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста