Бино ба иттилои Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба ин кишвар 533 ҳазор тонна семент содир намудааст, ки нисбат ба дигар кишварҳо бештар аст.

Довоми моҳҳои январ – июли соли 2022 Ӯзбекистон ба маблағи 52,5 млн. доллар 1,3 млн. тонна семент ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 421 ҳазор тонна камтар мебошад.

Рӯйхати давлатҳое, ки дар 7 моҳи соли равон ба Ӯзбекистон семент содир кардаст ба таври зайл аст:

 Тоҷикистон – 533 ҳазор тонна;

Қирғизистон – 385 ҳазор тонна;

Қазоқистон – 353 ҳазор тонна;

Туркманистон – 11,5 ҳазор тонна;

Эрон – 6,7 ҳазор тонна;

Чин – 1,4 ҳазор тонна;

Русия – 782 тонна.