Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ зиёда аз 1,6 млрд сомонӣ (беш аз 155 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 даромад қариб 16% (218 млн сомонӣ) афзудааст.

Даромади оператори миллии алоқаи ҷумҳурӣ - “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа дар зарфи 7 моҳи соли равон 4,9% афзуда, 97,7 млн сомониро ташкил доданд.

Вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи кишвар дар ин давра 94,3%-ро ташкил дод.

Шумори корбарони Интернет то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 3,5 млн нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 6,4 млн нафарро ташкил дод, ки 5,5 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Айни замон дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон дар моҳи декабри соли гузашта бори навбатӣ истифодаи беҳад зиёди телефонҳои мобилиро аз ҷониби аҳолӣ мавриди интиқод қарор дод.

Дар паём зикр гардид, ки “тайи 10 соли ахир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аҳолии кишвар 30 млдр сомонӣ маблағ харҷ кардааст”.

“Ин қариб 3 млрд доллар аст, - иброз дошт ӯ. - Ин пули кам нест. Бо ин маблағ мо сохтмони неругоҳи Роғунро ба охир расонида метавонистем”.

Сарвари давлат ҳамчунин изҳор дошт, ки аҳолии кишвар ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон ба ширкатҳои хориҷӣ тааллуқ доранд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумат дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ба муштариёне, ки то 15 феврал симкортҳояшонро бо ID-шиносномаҳо ба қайд нагирифтанд, бояд қатъ мешуд.

Лекин 12 феврал ҳукумат ба қарори худ тағйирот ворид намуда, мувофиқи он, муҳлати дубора ба қайд гирифтан то 15 феврали соли 2023 дароз шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.