Баъди тақрибан се моҳи таваққуф, нархи гази моеъ дар шаҳри Душанбе, навоҳии атрофи он ва шаҳри Кӯлоб дубора гарон шуд. Агар ҳафтаи гузашта 1 литр гази моеъ дар Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он 6 сомониву 20 дирам арзиш дошт, имрӯз ронандагон онро 6 сомониву 50 дирам (дар беъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 6 сомониву 60 дирам) мехаранд.

Чанд ронанда аз Душанбе зимни суҳбат бо “Asia-Plus” гуфтанд, ду рӯзи охир болоравии нархи гази моеъро мушоҳида мекунанд.

Бахтиёр Шералиев, як ронанда аз Душанбе бо нигаронӣ гуфт, як ҳафта пеш нархи гази моеъ 6 сомониву 20 дирам буд, дар рӯзҳои истироҳатӣ 6 сомониву 40 дирам ва акнун 6 сомониву 60 дирам шудааст.

“Чанд муддат нархи гази моеъ баланд нашуд, аммо мутаассифона ду рӯз мешавад, ки нарх боло меравад”, - нигаронӣ кард Бахтиёр Шералиев.

Дар минтақаи Кӯлоб низ арзиши гази моеъ гарон шудааст. Имрӯз, 24 август нархи 1 литр гази моеъ дар ин минтақа 6 сомониву 60 дирам нарх дошт. Ин дар ҳоле, ки охири ҳафтаи гузашта нархи он 6 сомониву 20 ё 30 дирам буд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Asia-Plus” аз Бохтар хабар медиҳад, ки нархи гази моеъ дар ин минтақа гарон нашуда, 1 литри он 6 сомониву 30 дирам арзиш дорад.

Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳудуди як моҳи охир нархи гази моеъ тағйир наёфта, 6 сомониву 10 дирам боқӣ мондааст.

Болоравии нархи гази моеъро роҳбари яке аз ширктаҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ таъсири лаппишҳо дар биржаи ҷаҳонӣ маънидод кард. Ӯ, ки нахост номаш ифшо шавад, сабаби аслии гарон шудани гази моеъро қимат шудани нархи ин маҳсулот дар биржа мегӯяд.

"Гароншавии нархи гази моеъ ба Тоҷикистон рабт надорад. Нарх дар биржа бозӣ карда истодааст. Ин муваққатӣ аст. Шояд боз паст шавад", - гуфт ӯ.

Аз Хадамоти зиддинҳисорӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, ки масъули воридот ва танзими нархи маводи сӯзишворӣ дар кишваранд, ҳозир нашуданд, ки болоравии нархи гази моеъро шарҳ диҳанд.

Қобили зикр аст, ки гароншавии маводи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш аз аввали моҳи март то охири моҳи апрели соли гузашта идома ёфта, дар моҳи май вазъ дар бозор ба эътидол омад ва нархҳо каме поин рафтанд. Нархи 1 литр  гази моеъ дар Тоҷикистон охири моҳи майи соли равон аз 6 сомониву 40 дирам ба 6 сомониву 20 дирам поин рафта буд.

Тибқи омори расмӣ, 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.

Дар гузашта аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат ҶТ гуфта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.