Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сохтмони бозори байнисарҳадии “Андархон” санги асос гузошта шуд. Ин бозор барои рушди тиҷорати минбаъдаи ду кишвар замина мегузорад ва тоҷирони тоҷику ӯзбек маҳсулоти худро ба осонӣ хариду фурӯш мекунанд. Дар ин бора Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дирӯз, 13-уми март, намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” иштирок намуданд.
Музаффар Юнусов гуфт, ин бозор аз ҷониби Ӯзбекистон дар марзи ду кишвар бунёд мешавад ва маблағи сохтмони он 8 млн доллар мебошад.
“Бозори байнисарҳадии “Андархон” дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.
Юнусов афзуд, ки бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешаванд.
Гуфта мешавад, дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намудаанд.
Роҳбарони вилоятҳо ҳамзамон изҳори боварӣ намуданд, ки бозори байнисарҳадии “Андархон” дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки то ин замон миёни сарҳадҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Афғонистон бозорҳои наздимарзӣ фаъолият мекарданд.
То муноқишаҳои марзӣ, дар ҷамоати деҳоти Овчӣ – Қалъача, дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон ду бозори муштарак - “Вохӯрӣ” ва “Молбозор” фаъол буданд.
Ҳоло “Молбозор” пурра аз фаъолият бозмонда, бозорчаи “Вохӯрӣ”, ки дар баробари маҳсулот чандин нуқтаи сузишворӣ ҳам дорад, қисман фаъолият мебарад.
Дар ҳамин ҳол, то ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бозори наздисарҳадӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Дарвоз ва Ишкошим фаъол буданд. Ҳар рӯзи шанбе шаҳрвандони Афғонистон ба бозори наздисарҳадии шаҳри Хоруғ меомаданд, то ки маҳсулоти зарурии ниёзи аввалия бихаранд. Савдо бо пули тоҷикӣ - сомонӣ ҷараён мегирифт. Ҳоло маълум нест, ки ин бозорҳо имрӯз ҳам фаъол ҳастанд ва ё на.
“Маҷбур мешавӣ”. Айб дар порадеҳ аст ё порагир?
Ҳушдори қатъии КҲФ: Ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар Тоҷикистон
Аз сиёсат то иқтисод: Тоҷикистон барои мустаҳкамсозии мақоми зан чӣ кор кард?
“Шикор”-и соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Осиёи Марказӣ. Оё Тоҷикистон низ соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дорад?
ФФТ: “Овозаҳои даъвати Криштиану Роналду ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд”
Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд
БОР барои пешбурди таълими фанҳои техникӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 40 млн доллар медиҳад
Оғози мавсими мусодираи “хлопушка”. Мақомот аз ду ноболиғ 7,5 ҳазор маводи тарфгарӣ гирифтанд
Дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ярмаркаҳои фурӯши хӯрокворӣ боз мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста