Бонки миллии Тоҷикистон баъд аз ёфтани чанд камбудӣ дар кори “Алиф Бонк”, ин муассисаро 600 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, анҷоми ду намуди амалиётро барои ин бонк маҳдуд кардааст. Дар ин бора Гуланор Атобек, раиси “Алиф Бонк” дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” хабар дод.
Ӯ навишт, ки ниҳоди танзимгари соҳа дар натиҷаи санҷиши фаъолияти дусолаи бонк, нодуруст анҷом додани амалиётҳои хазинавию муҳосибӣ ва асъорӣ, камбудиҳои ҷиддӣ дар раванди қонунигардонии маблағҳо, нодуруст пешниҳод намудани ҳисобот оиди амалиётҳои асъорӣ ва номукаммалии ҳуҷҷатгузорӣ аз рӯи баъзе амалиётҳоро ошкор кардааст.
Бонки миллӣ дар баробари 600 ҳазор сомонӣ ҷарима, ҳамчунин, анҷом додани ду намуди амалиёт-қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ барои ширкатҳо, яъне шахсони ҳуқуқӣ дар давоми 3 моҳ, ба истиснои баъзе намуди амалиётҳо барои бонк маҳдуд кардаааст.
Роҳбари “Алиф Бонк” гуфтааст, ки ин маҳдудиятҳо ба бисёри мизоҷонашон таъсире намерасонанд.
Номбурда ифшои ин маълумотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаффофияти кор ва масъулияти бонк дар назди ҷомеа донистааст.
Ӯ гуфтааст, ки аллакай қисме аз норасоиҳоро ислоҳ карда, ҳаракат мекунанд, то охири сол боқимондаашро низ дар асоси нақша-чорабинии таҳияшуда, ислоҳ намоянд.
Гуланор Атобек дар идома аз дастовардҳои бонк дар соли гузашта ёдовар шуда, аз ҷумла навиштааст, ки онҳо соли 2022-ро бо даромади тоза дар ҳаҷми 43 млн сомонӣ ба анҷом расониданд, ки ин таърихан натиҷаи рекордӣ аст. Ин дар ҳолест, ки ин бонк соли 2021-ро бо натиҷаи манфӣ ҷамъбаст карда буд.
Ба иттилои ӯ, дастовардҳои дигари бонк, дар соли гузашта, 4 маротиба афзун гардидани ҳаҷми амонатҳо назар ба соли 2021, 13 дарсад зиёд шудани сандуқи қарзӣ, беш аз 3 маротиба зиёд гардидани ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдие, ки тариқи барномаи "alif mobi" ва 41 дарсад афзоиш ёфтани шумораи истифодабарандагони фаъол, 63 дарсад зиёд гардидани кортҳои баровардашуда ва 4 маротиба зиёд шудани ҳаҷми интиқоли маблағ аст.
Ин бори аввал нест, ки Бонки миллӣ ин бонкро ҷарима мекунад. Соли 2020 низ Бонки миллии Тоҷикистон баъд аз ёфтани чанд камбуд дар кори бонки "Алиф" ин муассисаро ним миллион сомонӣ ҷарима баста буд. Фаъол набудани шӯрои нозирон, кумитаи аудит ва кумитаи идоракунии хавфҳо аз ҷумлаи нуқсҳо гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки “Алиф-Бонк” яке аз бонкҳои пештози тиҷоратӣ дар Тоҷикистон аст. Ин бонк дар заминаи ташкилоти хурди қарзиву амонатии “Алиф - Капитал” таъсис шуд ва аз соли 2014 фаъол аст.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста