Дар Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи суғуртаи шахсони воқеӣ”, ки дар онҳо зиёдшавии андозаи ҷуброни амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ шудааст, мавриди амал қарор гирифтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, андозаи ҷубронпулии амонату пасандозҳо дар сатҳи 35 ҳазор сомонӣ (3,2 ҳазор доллар тибқи қурби рӯзи 5 июл) муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, то мавриди амал қарор гирифтани қонун андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ё худ 34 ҳазор сомонӣ) ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ё худ 23 ҳазору 800 сомонӣ)-ро ташкил медод.

Дар Хазина зикр мекунанд, ки минбаъд дар қатори пасандозҳои шахсони воқеӣ, инчунин суратҳисобҳои амонатию пасандозии соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо суғуртакунӣ фаро гирифта мешаванд.

То ин замон танҳо пасандозҳои шахсони воқеӣ суғурта карда мешуданд.

Бинобар ин, номи қонуни амалкунанда дар таҳрири нав — «Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» муайян карда шуда, Хазина низ ҳамчун “Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон” номгузорӣ карда шудааст.

Хазинаи мазкур ба ҷуброни амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзие, ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, машғул аст.


Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, айни замон 5 бонк дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд: “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Тоҷпромбонк”, “Фононбонк” (ҳамаашон маҷбурӣ бар асари муфлисшавӣ барҳам дода мешаванд) ва “Кафолатбонк” (на бар асоси муфлисшавӣ барҳам дода мешавад).

Ба шахсоне, ки дар ин бонкҳо амонат ва пасандоз доштанд, аз Хазинаи суғуртаи амонатҳо аллакай ҷубронпулӣ пардохт шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.