Вилояти Хатлон новобаста аз он ки вилояти калонтарини кишвар ба ҳисоб меравад, беш аз 30 дарсади хароҷоти буҷеташ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ пӯшонида мешавад. Таҳлили 7 соли даромаду хароҷоти буҷети вилоят нишон дод, ки коҳиши вобастагии вилоят аз буҷети ҷумҳуриявӣ солона танҳо 1 дарсад аст.

Буҷети вилоят иҷтимоӣ аст

Омори 7 соли охир нишон медиҳад, ки буҷети вилояти Хатлон иҷтимоӣ аст, зеро беш аз 80 дарсади он ба соҳаҳои иҷтимоӣ харҷ шуда, аз ин наздики 60 дарсадаш ба соҳаи маориф ва 25 фисадаш ба соҳаи тандурустӣ равона гардидааст. 

Масалан, аз ҳудуди 2 млрд. 760 млн. сомонии буҷет дар соли 2023, ки дар қиёс ба соли 2017-ум 1 млрд. 338 млн. сомонӣ зиёд аст, 59,5 дарсад ба соҳаи маориф, 26,6 дарсад ба соҳаи тандурустӣ ва боқимонда ба соҳаҳои дигар мисли мақомоти роҳбарикунанда, фарҳангу варзишу саёҳӣ ва ғайра сарф мешавад. 

Агар аз руйи фоизи хароҷоти буҷет бигирем, дар соли 2017 низ  59,5 фоизи буҷет ба соҳаи маориф, 25,5 %  ба соҳаи тандурустӣ харҷ шудааст. Яъне қисми хароҷоти буҷет аз руйи фисад дар 7 соли охир тағйир наёфтааст.

Профессор Ҳамидуллохон Фақиров, иқтисодшиноси тоҷик иҷтимоӣ будани буҷетро дар давраи ташакулиёбӣ, ки Тоҷикистон дар ин раванд қарор дорад, як раванди маъмулӣ арзёбӣ кард.

“Ҳукумати Тоҷикистон реформаи иқтисодиро пеш гирифт ва вазифаҳои мушаххасеро пеши худ гузошт. Тоҷикистон аслан аҳолии ҷавон дорад, оилаҳои серфарзанд зиёданд ва мушкилоти зиёде дар деҳот мавҷуд аст. Масъалаи дигар, сохтмони мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани омӯзгорону табибон аст. Аз ин хотир, ҳалли мушкилоти деҳот, дастгирии оилаҳои камбизоат ва маъюб зарур аст. Дар чунин вазъият бояд буҷет иҷтимоӣ бошад. Вақт нишон дод, ки реформаи иқтисодии ҳукумат дуруст аст”,- гуфт Ҳамидуллохон Фақиров.

 

 

 

То ҳол 20 шаҳру навоҳии Хатлон “дастнигаранд”

Ҳамин тариқ, қисми даромад ва хароҷоти буҷети вилоят сол ба сол зиёд мешавад. Масалан, агар қисми даромади буҷет дар соли 2017-ум  888 млн. 580 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли  соли 2023 ба  1 млрд. 905 млн. сомонӣ расидааст. Яъне дар ҳафт соли охир даромади вилоят 1 млрд. 17 млн. сомонӣ зиёд шудааст. 

Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон сабаби афзоиши қисми даромади буҷетро зиёд шудани манбаҳои андоз, аз ҷумла рушди саноат, кушода шудани марказҳои савдою химатрасонӣ арзёбӣ кард.

“Масалан, Ёвон ноҳияи дотатсионӣ (ёронагир) буд. Баъди ба кор шуруъ кардани чанд корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла семент ба ноҳияи худмаблағгузор табдил ёфт. Кор то ҷое расид, ки имрӯз, Ёвон ба буҷаи вилоят кумак мерасонад. Дар баробари Ёвон, шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Норак ва ноҳияи Данғара низ аз ҳисоби қисми даромади худӣ қисми хароҷоташонро мепӯшонанд ва ба буҷаи вилоят ҳамчун донор кумак мерасонанд”, - гуфт сардори раёсати молияи вилоят.

Ба таъкиди номбурда, дар вилоят 20 шаҳру навоҳии боқимонда барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷеташон аз буҷаи вилоят ва ҷумҳурӣ кӯмак мегиранд. 

“Аслан ноҳияҳое, ки барои  пӯшонидани қисми хароҷоти буҷет аз вилоят ва ҷумҳурӣ кӯмак мегиранд, ноҳияҳои кӯҳистону кишоварзианд. Дар тамоми дунё чунин ноҳияҳо дар дотатсияи давлат мешинанд. Барои рушди иқтисодӣ ва зиёд намудани манбаъҳои андоз дар ин ноҳияҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бояд кушода шавад. Айни замон дар ин замина дар ҳама шаҳру ноҳияҳо кор идома дорад. Таъсиси минтақаҳои озоди саноатӣ, паркҳои технологӣ ва минтақаҳои саноатӣ аз ҷумлаи чунин табдирҳоянд”, - шаҳр дод, Ҳабибулло Иззатуллозода.

 

 

Дар баробари афзоиши қисми даромади буҷет маъмулан қисми хароҷот низ сол аз сол зиёд мешавад. Масалан, агар хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2017-ум 1 млрд. 421 млн сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2023-юм ин рақам ба 2 млрд. 760 млн. сомонӣ расидааст. 

Ба гуфтаи Бобоназар Давлатзода, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон омили асосии зиёдшавии қисми хароҷоти буҷети  вилоят зиёдшавии ҳаҷми музди меҳнати кормандони буҷетӣ мебошад. 

Акс аз сомонаи faraj.tj

“Ҳамасола қисми даромади буҷет ҳудуди 15 дарсад афзоиш меёбад ва дар баробари ин, ҳаҷми музди меҳнат низ 15-20 дарсад баланд бардошта мешавад. Дар баробари ин, муассисаҳои нав аз ҷумлаи мактаб, беморхона бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ба фаъолият шуруъ мекунанд. Аз ин хотир, гуфта мешавад, ки афзоиши қисми хароҷоти буҷет бештар ба музди меҳнат сарф мешавад”, - гуфт Бобоназар Давлатзода.

 

 

Қисми даромад хароҷотро мепӯшонад?

Дар Тоҷикистон асосан қисми даромади буҷет аз ҳисоби андозҳо пур мешавад. Буҷети вилояти Хатлон низ аз ин истино нест. 

Бобоназар Давлатзода гуфт, қисми даромади буҷети вилоят пурра аз ҳисоби андозҳо пур мешавад ва ин давоми 7 сол тағйир наёфтааст.

Новобаста аз он ки ҳаҷми даромади вилоят сол ба сол зиёд мешавад, вале ҳамоно қисми хароҷоти буҷетро пӯшонида наметавонад. Маблағҳои даромад ҳамагӣ 70 фисади хароҷоти буҷетро мепӯшонад. Беш аз 30 дарсади боқимонда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешавад. 

Таҳлили ҳафт соли охир нишон медиҳад, ки сол аз сол ҳаҷми маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои хароҷоти буҷети вилояти Хатлон гирифта мешавад, кам карда мешаванд. Масалан, агар  маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳурӣ ба буҷети вилоят соли 2017 37 дарсади  ҷамъи хароҷоти буҷетро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2023 то ба 30,3 дарсад паст карда шудааст. Яъне дар 7 соли охир 7% ҳаҷми ин маблағҳо кам карда шудааст, агар сол ба сол бигирем ҳамасола 1% кам шудааст. 

 

 

Хатлон кай худмаблағгузор мешавад?

Бобоназар Давлатзода гуфт, кишоварзӣ будани аксари ноҳияҳои вилоят имкон намедиҳад, ки манбаи даромад қисми хароҷоти буҷетро пӯшонад. 

“Аз ин хотир фарқияти онҳо аз ҳисоби буҷаи вилоят ва ҷумҳурӣ пӯшонида мешавад. Барои пурра худмаблағгузор шудани вилоят бояд саноати он рушд кунад”, - гуфт муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.

Профессор Ҳамидуллохон Фақиров ҳам мегӯяд, барои худмаблағгузор шудани вилоят бояд соҳаи саноат рушд кунад ва барои ин вилояти Хатлон зарфияти калон дорад. Танҳо вақт лозим аст.

“Барои ин бояд корхонаҳои саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигарро бештар ба кор андохт. Дар ин замина бояд омӯзиш ва ё тадқиқотҳо анҷом дод, ки давра ба давра дар кадом марҳилаҳо чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонд”,- гуфт иқтисодшинос.

Дар ҳамин ҳол, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон рӯзи 21-уми июн соли 2023 дар шаҳри Бохтар зимни як суҳбаташ бо вакилони маҳаллӣ аз вазъи ҷалби сармояи мустақим ва дастгирии соҳибкорон дар вилоят интиқод кард. 

“Чаро сармоягузорон ва соҳибкорон ба дигар минтақаҳои кишвар мераванд ва ба вилояти мо не? Мо бояд фазои соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақимро дар вилоят куллан дигар кунем. Дар сурати ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ иқтисодиёяти вилоят рушд хоҳад кард”, - гуфт раиси вилоят.

Масъулини ҳукумати вилоят бар ин назаранд, ки дар сурати ташкили корхонаҳои саноатӣ имкон пайдо мешавад, ки вилоят худмаблағгузор шавад. 

Ба таъкиди онҳо, айни замон роҳбарияти вилоят барномаҳои заруриро дар ин самт зина ба зина роҳандозӣ карда истодааст ва яке аз он барномаҳо ташкил ва гузаронидани форуми сармоягузорию тиҷоратии “Бохтар Фуд” мебошад, ки дар он ҳамасола сармоягузорону соҳибкорони хориҷию ватанӣ ширкат карда, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасониданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.