Баъзе бонкҳои Тоҷикистон амалиёти интиқоли пул бо доллар ва евроро тариқи низоми пардохти “Юнистрим”-и Русия бо сабаби таҳримҳои ИМА нисбат ба ин низоми пардохт боздоштанд.

Дар бораи боздошти чунин амалиёт ба “Азия-Плюс” дар “Спитамен Бонк”, “Бонки Арванд”, “Аввалин Бонки молиявии хурд”, ТАХ “Ҳумо” хабар доданд.

Ин ҷо дар бораи интиқол бо ин асъорҳо аз Тоҷикистон сухан рафта, интиқоли пулӣ аз ҷониби бонкҳои Тоҷикистон бо ҳама гуна асъор қабул мешавад.

Амалиёти интиқол бо рубли Русия аз ҷониби ин ташкилотҳо тариқи “Юнистрим” бидуни ҳеҷ маҳдудият анҷом дода мешавад.

Ба муроҷиати “Азия-Плюс” ба дигар бонкҳои кишвар дар бораи ин масъала то ҳол посух надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, ки аз ин ҷо доир ба ин масъала ба ташкилотҳои қарзӣ ва молиявии кишвар дастур ё тавсияҳо дода нашудааст.

Тибқи маълумоти БМТ, иҷозатномаи низоми пардохти “Юнистрим” барои фаъолият дар Тоҷикистон то 17 феврали соли 2027 амал мекунад. Ин низом ба бонки ҳамноми Русия тааллуқ дорад.

Дар Бонки миллӣ зикр карданд, ки қарор дар бораи асъори алоҳидаро бонкҳои тиҷоратӣ мустақилона қабул мекунанд.

Зикр шуд, ки амалиёт оид ба интиқол бо рубл, ки зиёда аз 90% аз ҳаҷми умумии интиқоли пул аз Русия аз ҷониби шахсони воқеӣ ба он рост меояд, дар ташкилотҳои қарзии кишвар тариқи “Юнистрим” бе ҳеҷ гуна маҳдудият амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Раёсати назорати дороиҳои молиявии ИМА 20 июли соли 2023 панҷ бонки Русия, аз ҷумла “Юнистрим”-ро ба феҳристи SDN (Specially Designated Nationals and Blocked Persons) шомил кард.

“Юнистрим” дар навбати аввал бо низоми ҳамноми интиқоли маблағ маъруф аст, ки дар баробари “Золотая корона” ва Contact ба сегонаи асосии хидматрасониҳо оид ба интиқол ба хориҷи Русия дохил мешавад.

Айни замон интиқоли маблағҳо дар сомонаи “Юнистрим” танҳо бо рубли Русия қабул карда мешавад.

Ҳозир феҳристи низомҳои пардохти БМТ ба ҷуз “Юнистрим”, аз 16 оператори дигар иборат аст, ки 7 операторашон аз Русия мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.