Директори Агентии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода имрӯз, 8 август зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар сарҳади Русия аксар вақт мошинҳои боркаш ё худ фураҳоеро, ки аз Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ мекашонанд, бозмедоранд ва бо ин сабаб соҳибкорони тоҷик зиён мебинанд.

“Ҳатто дар шароити таҳримҳои байнулмилалӣ мо ба Русия ҳама гуна молу маҳсулотеро, ки ба рӯйхати таҳримӣ шомил нест, содир карда метавонем, масалан маҳсулоти кишоварзиро. Аз ҷониби мо ягон мушкилот нест”, - гуфт роҳбари Агентӣ.

Аммо ба гуфтаи роҳбари Агентии содирот, дар сарҳади Русия ҳангоми гузаронидани бор мушкилот рӯйи кор меояд:

“Мошинҳои моро хеле зиёд аз назар гузаронида, сунъӣ нигоҳ медоранд, дар ҳоле ки мо бо онҳо дар бораи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба минтақаҳои муайяни Русия қарордод дорем”.
Сурат: Asia-Plus

Ӯ хотиррасон намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 бо иштироки намояндагони сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия даҳҳо вохӯриву ҳамоишҳо гузаронида шуда, бисёр созишномаву қарордодҳо ба имзо расиданд.

“Лекин қариб ҳамаи онҳо дар рӯи коғаз боқӣ монда, иҷро намешаванд”, - иброз дошт Сироҷиддинзода.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Агентии содироти ҷумҳурӣ аз он хурсанд аст, ки дар ҳаллу фасли ин масъала аз ҷониби Русия ҳамдигарфаҳмӣ зоҳир мешавад.

“Хадамотҳои гумруки Русия ва Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд, ки низомҳои электронии гувоҳномадиҳӣ (сертификатсия)-и молҳоро истифода мекунанд. Ин низом муҳлати анҷоми амалиёти гумрукиро ба таври назаррас кам мекунад”, - зикр кард ӯ.

Ба қавли Сироҷиддинзода, дар ҳамаи автомашинаҳои боркаши Тоҷикистон чипҳои махсус насб хоҳанд шуд, то ки гумрукчиёни Русия ҳамаи раванди фиристодани бор ба Русияро зери назорат дошта бошанд.

“Ба ин тариқ маълумот дар бораи дар куҷо бесабаб ва ба муддати тӯлони боздошт шудани борҳои соҳибкорони Тоҷикистон то раҳбарияти гумруки Русия зудтар мерасад”, - шарҳ дод Сироҷиддинзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.