Тайи ду ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон 1 литр гази моеъ 1,5 сомонӣ арзон шуд. Агар дар моҳи ноябр арзиши 1 литри ин навъи сӯзишворӣ то 8,3 сомониро ташкил медод, пас имрӯз нархи он то 6,70 сомонӣ поин рафтааст.
Аммо ин ба ҳеҷ гунае ба нархи хидматрасонии мошинҳои мусофирбари хусусӣ, ки бо сабаби болоравии нархи гази моеъ, онро боло бурда буданд, таъсир нарасонид. Масалан, дар Душанбе нархи равуо дар ба истилоҳ таксиҳои “7-сомонигӣ” ба 10 сомонӣ расида буданд.
Пас аз болоравии арзиши гази моеъ нархи равуо дар мошинҳои мусофирбари байнишаҳрӣ низ зиёд шуд. Масалан, агар қаблан ба Бохтар бо 30 сомонӣ рафта метавонистӣ, акнун ронандагон 40-50 сомонӣ мепурсанд. Равуо бо таксӣ ба шаҳри Турсунзода аз 15 то ба 25-30 сомонӣ ва ба Панҷакент - аз 100 то 150 сомонӣ зиёд шуд.
Таксиронҳои хусусӣ мегӯянд, нархи хидматрасонии худро кам карданӣ нестанд, зеро 1-1,5 сомонӣ поинравии нархи гази моеъ ба ҳеҷ гунае ба хароҷоти онҳо таъсир намерасонад. Ба гуфтаи онҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири автомашинаҳо қимат шуда, ғайр аз ин, саросар болоравии нархҳо, аз ҷумла барои барқ ба даромади онҳо таъсири манфӣ гузоштааст.
“Мо субҳи барвақт ба роҳ мебароем, то ки барои таъмини оила пул кор кунем, лекин даромадамон базӯр барои пешбурди одии рӯзгор мерасаду халос”, - мегӯянд онҳо.
Вазъияти марбут ба сӯзишворӣ баъди хабар дар бораи аз ҷониби таъмингари асосӣ - Қазоқистон тамдид шудани муҳлати манъи содироти гази моеъ тариқи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан аз 14 ноябри соли 2023 ба муҳлати 6 моҳ боз мушкилтар шуд.
Аммо манъ ба содиркунандагон асосии газ дахл надорад, аз ин рӯ, Тоҷикистон ба таври устувор аз Қазоқистон газ мегирад.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар зарфи 10 моҳи соли 2023 ба Тоҷикистон ба маблағи 195 млн доллар ҳудуди 319 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуда, ҳиссаи зиёди воридоти он ба Қазоқистон рост меояд. Гази моеъ ҳамчунин аз Русия оварда мешавад.
Тағйироти нархи сӯзишворӣ дар ин кишварҳои содиркунанда бевосита ба нарх дар Тоҷикистон ҳам таъсир мерасонад.
Қобили зикр аст, ки на камтар аз 60%-и автомобилҳо дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мебурданд, ки қаблан нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) арзонтар буд.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста