Соҳибкорони Тоҷикистону Эрон созишнома ва қарордодҳое ба имзо расониданд, ки ба рушди бахшҳои истеҳсолӣ ва коркард дар Тоҷикистон равона мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҶТ.

Имзои санадҳои ҳамкорӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Эрон ба имзо расиданд.

Маблағи умумии санадҳои имзошуда зиёда аз 1,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 119 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Сурат аз шаҳрдории Душанбе

Санадҳои имзошуда густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, маводи доруворӣ ва ғайра дар бар мегиранд.

“Ҳамкориҳо аз рӯи талаботи бозори имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба шарикон аз Эрон мавриди амал қарор мегиранд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари дурӯзаи Рустами Эмомалӣ ба Эрон дар маҷмӯъ 15 санади нав оид ба ҳамкории байнипарламентӣ, ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳамкории тиҷоратию истеҳсолӣ ба имзо расид.

Дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ бо президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси шаҳри Теҳрон Алиризо Зоконӣ ва дигар шахсони воломақоми ин кишвар дидору гуфтушунидҳо анҷом дод.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли 2023 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Эрон зиёда аз 216 млн долларро ташкил додааст, ки 4% зиёдтар нисбат ба соли пешин (с.2022) аст.

Қобили зикр аст, ки қаблан моҳи ноябри соли 2023 зимни сафари президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ба Душанбе 19 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла нақшаи ҳамкорӣ то соли 2030 ба имзо расида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.