Дар Тоҷикистон бо сабаби аз кор мондани пойгоҳҳои обкашӣ зиёда аз 10 ҳазор гектар заминҳои обёрӣ бе об монда, танҳо дар вилояти Хатлон бар асари корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ, қариб 900 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монданд.

Ғайр аз ин, дар вилояти Хатлон 16 ҳазор гектар замин, ки 14 ҳазор гектараш обёришаванда аст, барои партовгоҳ истифода мешавад.

Маҳз ҳамин ҳолат зимни вохӯрӣ ва суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара рӯзи 25 май мавриди интиқоди шадиди сарвари давлат қарор гирифт.

“Моро зарур аст, ки кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро сол ба сол зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо озуқаворӣ таъмин намуда, вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти маводи ғизоӣ мунтазам коҳиш диҳем”, - гуфт сарвари давлат.

Ӯ аз роҳбарон ва шахсони масъул даъват кард, ки барои таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон
Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Бино ба маълумоти овардаи президент дар суханрониаш, айни замон дар вилояти Хатлон 18 пойгоҳи обкашӣ фаъолият надорад, ки боиси беоб мондани беш аз 5 ҳазор гектар замин гардидааст.

Ғайр аз ин, дар вилояти Суғд 16 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 пойгоҳи обкашӣ фаъолият накардааст, ки мутаносибан 3,8 ҳазор гектар ва 3,3 ҳазор гектар замин бо об таъмин нагардидааст.

Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ қариб 900 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Ба ҳолати 17-уми май дар вилоят дар майдони қариб 200 ҳазор гектар ё 97 фоизи дурнамо кишти баҳорӣ анҷом дода шуда, иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 80%, полизӣ - 93% ва зироатҳои хӯроки чорво - 87%-ро ташкил медиҳад.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Аз ҷумла кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод ҳамагӣ 16%, Шамсиддини Шоҳин - 25, Ховалинг - 38, Бохтар - 49 ва Балҷувон 66%-и дурнаморо ташкил додааст.

Гуфта мешавад, чунин ҳолат дар аксари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба назар мерасад.

Иҷрои дурнамои кишти картошка дар Роғун ҳамагӣ 5%, Варзоб - 8, Файзобод - 21, Рашт - 30, Тоҷикобод - 33, Лахш - 58, Нуробод - 45, Сангвор - 55, Ҳисор - 59 ва Рӯдакӣ - 70%-ро ташкил додааст.

Ҳамчунин, дурнамои кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ҳамагӣ 17%, Рӯдакӣ - 57, Шаҳринав - 60 ва Ҳисор - 71% таъмин гардидааст, ки хеле ташвишовар мебошад.

Президент хотиррасон намуд, ки солҳои охир бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, инчунин, болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар ҷаҳон торафт мушкил гардида истодааст.

Дар Тоҷикистон тирамоҳу зимистони гузашта камбориш ва обу ҳавои баҳори имсола номусоид омада, таъсири манфии худро ба соҳаҳои мухталифи кишвар, хусусан, ба соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика расонид.

“Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва обро дар тамоми фаслҳои сол таъмин намоем”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ сарвари давлат ба мақомоту сохторҳои марбута ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дастур дод, ки ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида, аз худ кардани заминҳои нав ва бо усули обёрии қатрагӣ зиёд намудани масоҳати заминҳои кишт эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.