Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи умумии 42,2 млн. доллар молу маҳсулоти гуногун содир кардааст. Аз Афғонистон ба Тоҷикистон бошад молу маҳсулот ба маблағи 3,5 млн. доллар ворид гардидааст. Дар ин бора рӯзи 7-уми август Лутфулло Ҳасанзода, як масъули Хадамоти гумрук зимни нишасти хабарӣ маълумот дод.
Ба иттилои Хадамоти гумрук, дар нимсолаи аввал аз Тоҷикистон ба Афғонистон зиёда аз 165 ҳазор тонна семент ба арзиши зиёда аз 8 млн 372 ҳазор доллар, 3 ҳазору 223 тонна ангиштсанг ба маблағи зиёда аз 106 ҳазор доллар, 1 ҳозору 801,7 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи беш аз 1 млн. 273 ҳазор доллар, 1 ҳазору 745,8 тонна тухми паранда ба арзиши зиёда аз 2 млн. 277 ҳазор доллар ва 626 тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи қариб 170 ҳазор доллар фурӯхта шудааст.
Аз Афғонистон ба Тоҷикистон бошад, 1 ҳазору 365,8 тонна помидор ба маблағи қариб 888 ҳазор доллар, 1 ҳазору 355 тонна чӯб ба маблағи зиёда аз 542 ҳазор доллар, 248,9 тонна маҳсулоти пластики ба арзиши беш аз 299 ҳазор доллар, 291,6 тонна мева ба арзиши қариб 292 ҳазор доллар ва 222 тонна маҳсулоти тайёр ба маблағи беш аз 232 ҳазор доллар интиқол ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 2-юми август дар нишасти хабарии Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода, роҳбари ин ниҳод зикр карда буд, “мо аз Афғонистон воридот надорем, танҳо содир мекунем”. Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон барои Тоҷикистон танҳо кишвари транзитӣ аст.
“Айни ҳол дар назди гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён масъалаи ташкили минтақаи содиротӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуда истодааст ва ин ба беҳтар шудани муносибатҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Ин ба муносибатҳои расмӣ алоқае надорад, содирот бояд давом ёбад” - гуфта буд Сироҷиддинзода.
Омори Афғонистон дигар аст
Дар ҳамин ҳол, “Радиои Озодӣ” дар такя ба Вазорати саноат ва тиҷорати Толибон* менависад, ки “Афғонистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи имсол ҳамагӣ ба маблағи 30 млн. доллар додугирифт доштанд”.
“Дар моҳҳои январ-июли имсол Афғонистон ба Тоҷикистон 8 млн. доллар содирот кардаву ба 22 млн доллар мол ворид кардааст”, - менависад ин расона.
Ёдовар мешавем, ки Толибон дар аксар давлатҳои ҷаҳон созмони мамнӯъ эътироф шудааст. Ин гурӯҳ тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак се сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунад. Тоҷикистон ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашинохтааст ва бо ин кишвар робитаи дипломатӣ надорад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Боз як қаҳрамонии муҳоҷир дар Русия. Ӯ се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста