Дар гузориши солонаи омории Агентии байнулмилалӣ оид ба манбаъҳои таҷдидшаванда ё худ барқароршавандаи энергия (IRENA) гуфта мешавад, Тоҷикистон тайи 10 сол иқтидорҳои насбшудаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияро 15,8% зиёд кард.

Дар гузориш зикр мегардад, ки иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 4957 мегаватт (МВт) дар соли 2015 то 5738 МВт дар соли 2024 афзуд, ки қариб пурра ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ рост меояд.

Афзоиши аз ҳама бештари иқтидорҳои манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон ба андозаи 174,5% сурат гирифт - аз1882 МВт дар соли 2015 то 5166 МВт дар соли 2024. Сабаби чунин афзоиши назаррас ба бунёди нерӯгоҳҳои нави офтобӣ (иқтидори умуиашон 2275 МВт), нерӯгоҳҳои барқи обӣ - (511 МВТ) ва неругоҳҳои бодӣ (500 МВт) маънидод мешавад. Ҳиссаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар иқтидори умумии электроэнергетикии кишвар дар ин давра аз 15,2% то 24,4% зиёд шуд.

Ҳамчунин иқтидори насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Қазоқистон низ ба таври назаррас - 93,1% афзуд (аз 2807 МВт дар соли 2015 то 5419 МВт дар соли 2024). Афзоиш асосан аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нави бодӣ (бо иқтидори 1336 МВт), офтобӣ (бо иқтидори 1139 МВт) ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ (132 МВт) сурат гирифтааст. Ҳиссаи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар иқтидори умумии электроэнергетикии кишвар аз 13,2% дар соли 2015 то 22% дар соли 2024 зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, иқтидори насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Қирғизистон баръакс, ба андозаи 11% - аз 3677 МВт дар соли 2015 то 3258 дар соли 2024 кам шудааст. Дар бораи сабаби камшавии иқтидор дар матлаби IRENA чизе гуфта намешавад.


Иқтидори умумии иншооти манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар боз як кишвари дигари минтақа - Туркманистон ҳамагӣ ба 1 МВт дар соли 2015 ва 2 МВт - дар соли 2024 баробар аст.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар машварати кории ҳукумат зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 36 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 89 млрд сомонӣ (8,5 млрд доллар) амалӣ намуд.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин давра дар самти рушди соҳаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 млрд киловатт-соати соли 1991 ба 22,4 млрд киловатт-соат дар соли 2024 зиёд шуд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 1991 иқтидорҳои насбшудаи нерӯгоҳҳои барқии кишвар 4413 МВт-ро ташкил медод. Мутаносибан тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иқтидори насбшудаи электроэнергетикии кишвар ба миқдори 45,3% афзуда, ҳаҷми истеҳсоли он - ҳамагӣ ба андозаи 31,7% афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.