Дар Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтиодии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, гуфта мешавад, Тоҷикистон ният дорад, ки дар се соли наздик содироти нерӯи барқро ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7% зиёд кунад.
Ба ин тариқ, дар соли 2026 аз интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 4,53 млрд киловатт-соат (кВт/соат) интизорӣ меравад, ки 8,5% зиёдтар нисбат ба соли 2025 мебошад. Соли 2027 афзоиши ҳаҷми содирот дар ҳаҷми 4,92 млрд кВт/соат (афзоиш - 8,7%) ва соли 2028 - то 5,36 млрд кВт/соат (афзоиш - 8,9%) пешбинӣ шудааст.
Дар соли 2026 даромад аз ҳисоби содироти нерӯи барқ 147 млн доллар, дар соли 2027 - 164 млн доллар ва дар соли 2028 - 187 млн доллар ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти омори расмӣ, соли 2024 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 113 млн доллар 2,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар содир шудааст. Барқи Тоҷикистон ба Афғонистону Ӯзбекистон, инчунин дар ҳаҷми начандон зиёд ба Қирғизистон интиқол дода мешавад.
Мувофиқи Дурнамо, дар соли 2026 истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳудуди 26 млрд кВт/соат, соли 2027 - қариб 28,6 млрд кВт/соат ва дар соли 2028 - зиёда аз 30,7 млрд кВт/соатро ташкил хоҳад дод.
Тибқи маълумоти Агентии омор, соли 2024 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 22,2 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, то охири соли 2025 истеҳсоли ҳудуди 24 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба нақша гирифта шудааст.
Имконоти бузург
Дар Стратегияи ҷалби сармоя ба Тоҷикистон то соли 2040 зикр мегардад, ки Тоҷикистон аз захираҳои бузурги энергияи барқароршаванда бархӯрдор буда, аз лиҳози сатҳи истифодаи он дар ҷойи шашум дар ҷаҳон қарор дорад. Гуфта мешавад, ҳудуди 98%-и нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда (барқароршаванда), асосан барқи обӣ (гидроэнергетика) истеҳсол мешавад.
Истеҳсоли нерӯи барқи обӣ дар Тоҷикистон ду баробар зиёдтар аз талаботи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ буда, лекин ҳамагӣ 5%-и имконот истифода мешавад. Ин на танҳо барои Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Покистон, ки Тоҷикистон бо онҳо тариқи хати баландшиддати барқ пайваст аст, метавонд нақши муҳим бозад.
Дар Стратегия ҳамчунин имконоти бузурги Тоҷикистон дар истифодаи нерӯи офтобӣ ва бодӣ, ки алҳол ба таври густарда мавриди истифода қарор надорад, таъкид мешавад. Давомнокии нурафкании офтоб ба 300 рӯз баробар буда, иқтидори аз лиҳози иқтисоди фоиданоки энергияи офтобӣ 369 - 600 Мвт-ро ташкил медиҳад. Иқтидори нерӯи бодӣ 4485 МВт-ро ташкил дода, лекин ин захира ҳоло истифода намешавад.
Айни замон корҳои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон бо иқтидори 3780 МВт босуръат ҷараён дошта, як моҳ пеш нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” ба истифода дода шуд. Ҳамчунин заминаи техникиву иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии “Шӯроб” бо иқтидори 800 МВт ва ҳамроҳ бо Ӯзбекистон лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бо иқтидори умумии 320 Мвт мавриди таҳия қарор дорад.





