Бар асари тағйироти иқлим қариб 70%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон ба таназзул осебпазир шудаанд, и дар ҳудуди 10% чунин заминҳо аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.
Тайи даҳсолаи ахир дар натиҷаи бад шудани сифати хок, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта коҳиш меёбад. Мувофиқи таҳқиқоти мутахассисон, яке аз оқибатҳои бештар пуртаъсири таназзул коҳиши ҳосилнокии зироатҳои ҷудогона дар сатҳи 9-15% ба шумор меравад.
Вақте хок қувваашро аз даст медиҳад
Тағйироти иқлим ба омили асосии таназзули замин табдил меёбад. Болоравии ҳарорат ва тағйири реҷаи боришот ба сохтори хок дар Тоҷикистон таъсир мерасонад.
Мурод Эргашев, корманди илмии Пажуҳишгоҳи хокшиносӣ ва агрохимия Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зикр кард, ки “болоравии ҳарорат ва коҳиши боришот ба афзоиши талабот ба об барои обёрӣ оварда мерасонанд, ки равандҳои буғшавӣ ва шӯршавии хокро тақвият мебахшад”.

Коҳиши ҳосилнокии пахта дар Тоҷикистон ба ин мисол шуда метавонад, ки бар асари хушксолиҳо ва болоравии ҳарорат, сифати хок ба таври назаррас бад шуд.
Тибқи арзёбии мутахассисон, тайи панҷ соли охир дар баъзе ноҳияҳо ҳосилнокии пахта ба анозаи 25% кам шудааст.
Агар ҳосилнокии миёна дар солҳои 80-уми асри гузашта 26-30 сентнер аз як гектар бошад, пас айни замон он то 15-20 сентнер аз як гектар поин рафтааст.
Тағйиротии иқлим талабот ба обёриро афзуда, ба ҷой як бор се маротиба об мондани заминҳор талаб мешавад. Ин дар навбати худ ба масрафи зиёди об ва болоравии сатҳи буғшавӣ боис мегардад.
Илова бар ин, ба гуфтаи Мурод Эрггашев, тағйироти иқлим парвариши баъзе зироатҳоро душвор месозад.
"Масалан қаланфур тезиашро гум карда, тухмиҳои маҳаллии помидор ва дигар растаниҳо аз байн мераванд",- гуфт ӯ.
Ғайр аз ин, раванди биёбоншавӣ ба мушоҳида расида, дар ҷараёни он қитъаҳои хоки сиёҳ ва тира ба андозаи 300-600 метр ба боло меравад ва минтақаҳои хушкиро зиёд мекунад. Ин дар навбати худ, ҳолати растаниҳоро, ки ҷиҳати мутобиқшавӣ ба иқлими хушк фурсат намеёбанд, бад мекунад. Дар ин ҳолатҳо таҳия ва ҷорисозии тухмӣ ва растаниии навъҳои ба хушкӣ тобовар тақозо мешавад.
Таъсири истифодаи нодурусти замин
На танҳо тағйироти иқлим, балки истифодаи нодурусти замин низ ҳолати хокро душвортар месозанд. Мувофиқи таҳқиқоти Пажуҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳои кишвар, “истифодаи зиёди нуриҳои кимиёвӣ, бештар зичу ҷафс кардани заминҳо ва истифода накардани киштгардон ба коҳиши фаъолнокии биологии хок оварда мерасонад”.

Масалан, дар заминҳое, ки чандин сол пайдарпай бидуни барқарор намудани хок ҳамон як зироату растанӣ парвариш меёбад, коҳиши таркиби микррорганизмҳои муфид ба мушоҳида мерасад, ки ба бадшавии сохтори хок боис мегардад. Ин ҳам ба коҳиши ҳосилхезӣ ва камшавии ҳосилнокӣ оварда мерасонад.
Шӯршавӣ - “бемор"-и №1-и заминҳои Тоҷикистон
Шӯршавии хок яке аз мушкилоти асосии кишоварзон дар Тоҷикистон аст. Мувофиқи маълумоти таҳқиқоти олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, хокҳои шӯршуда 8% аз майдони кишти обёришаванда дар кишварро ташкил медиҳанд.
Дар шароити камии замин, ки ба ҳар як сокин ҳамагӣ 0,6 га кишти обёришаванда рост меояд, ин ба талафоти назаррас дар бахши кишоварзӣ оварда мерасонад. Ҳамасола бар асари бадшавии сифати маҳсулот аз заминҳои шӯршуда ҷумҳурӣ то 100 ҳазор тонна ҳосили нахи пахта ва дигар зироатҳоро талаф медиҳад.
Вазъияти марбут ба шӯршавии хокҳо бар асари начандон кофӣ будани самаранокии низомҳои ҷӯйбору заҳбурҳо душвортар мегардад.
Бино ба маълумоти Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон, ҳиссаи заминҳои шӯршуда дар ҷумҳурӣ 15% ва заминҳои санглох - 18%-ро ташкил медиҳанд. Барои мубриза бо шӯршавӣ усулҳои шустани хок ва барқарор намудани низомҳои ҷуйбору заҳбурҳо истифода мешавад. Аммо сарфи назар аз беҳбудиҳо, мушкилот рӯзмарра боқӣ монда, равиши маҷмӯавӣ (комплексӣ) ва ҷорисозии технологияҳои навро дар обёрӣ тақозо мекунад.

Баҳри мубориза бо шӯршавии хок олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон истифодаи шустани хок ва беҳбуди ҳолати низомҳои ҷӯйбору заҳбурҳоро пешниҳод мекунанд. Дар водии Вахш оид ба кандани ҷӯйборҳо ва насби низомҳои махсуси обёрӣ тадбирҳо андешида шуда, онҳо ба коҳиши сатҳи шӯршавӣ ва беҳтар намудани сифати ҳосил ёрӣ расониданд.
Сохтори хокро чӣ вайрон мекунад?
Эрозия ё худ бодхӯрии хок, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ аст. Азхудкунии босуръати заминҳо ва коркарди нодурусти нишебиҳо ба шусташавии қабати болоии ҳосилхез оварда мерасонанд.
Бар асари эрозия хок сохтори худро гум карда, маҳсулнокиашро аз даст медиҳад. Дар қитъаҳое, ки пештар зироати ғалладона парвариш меёфт, акнун ҷариҳо пайдо шуда, худи замин нисбатан камтар барои кишти коршоям мегардад.
Ғайр аз ин, ҷараёни талаф додани қабати тираранги замин (гумус), ки аз пӯсиши растаниҳо ба вуҷуд омада, моддаи органикӣ ҳосил мекунад, низ ҳолати хокро бад месозад. Ин қабат барои нигоҳ доштани намнокӣ ва моддаҳои ғизодеҳ ба хок кумак мекунад. Набудани он ба бадшавии сохтори хок боис мегардад.
Ба гуфтаи агроном Хайрулло Назаров, “вақте ки ин қабат меравад, хок ба регреза табдил ёфта, қобилияти нигоҳ доштани обро аз даст медиҳад”. Ин нашъунамои растаниҳоро душвор сохта, ҳосилнокиро кам мекунад.

Тоҷикистон чӣ гуна хокро барқарор мекунад?
Барои барқарор кардани хокҳо дар Тоҷикистон истифодаи равишҳои устувори киштукор зарур аст. Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Бонки ҷаҳонӣ, гузариш ба усулҳои аз лиҳози экологӣ тозаи идоракунии хокро тавсия медиҳанд: киштгардони заминҳо, истифодаи нуриҳои органикӣ ва обёрии қатрагӣ.
Ҳукумати Тоҷикистон рӯйи ҳалли масъалаи танззули хокҳо фаъолона кор мекунад. Барномаи давлатии экологии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 аз тадбирҳои муҳими марбут ба ҳифз ва барқарор намудани хоқҳо иборат аст. Яке аз самтҳои калидии он ба пешгирии эрозия дар заминҳои обёришаванда ва лалмӣ, инчунин беҳбуди ҳолати хокҳои шӯршуда нигаронида шудааст.
Дар Барнома таҳияи методҳои нави паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ пешбинӣ шудааст, то ки аз танззули хок пешгирӣ карда шавад. Ба масъалаи танзими чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ва васеъ намудани майдони ҷангалҳо барои ҳифзи хок аз бодхӯрӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар ҷараёни азхудкунии заминҳои нав ҳамчунин баҳри нигаҳдорӣ ва беҳбуди ҳосилхезии хок дар доманакӯҳҳо, талаботи экологӣ низ ба инобат гирифта мешавад.







