Дар доираи кори Машварати 10-уми вазирони кишоварзии кишварҳои узви СҲШ дар Кунмини Чин роҳбарони мақомоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистону Беларус Қурбон Ҳакимзода ва Юрий Горлов рӯзи 29 июл бо ҳам дидору гуфтушунид карданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва густариши робитаҳои мутақобиларо дар партави болоравии таваҷҷуҳи кишварҳои СҲШ ба таҷдиди маҷмааи кишоварзӣ баррасӣ карданд.

Афзалиятҳои ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ

Баррасии лоиҳаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази мулоқот қарор гирифтанд. Вазирон ба масоили таъсиси корхонаҳои коркарди гӯшту шир, сабзавоту мева, воридоти чорвои хушзоти самти гӯштию ширӣ, афзоиши содироти хушкмева ба Беларус ва инчунин рушди истеҳсоли техникаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ба масъалаи дастгирии ҶСК “Агротехсервис” дар Ҳисор, ки дар ин корхона трактору комбайнҳои навъи GS-5 истеҳсол мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ин самт барои сармоягузории минбаъда ва мубодилаи технологияҳо ояндадор дониста шуд.

Таҳкими ҳамкориҳо дар самти боғу токпарварӣ, тухмипарварӣ, парандапарварӣ низ баррасӣ шуд. Ҳамчунин масоили роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати мутобиқати бахши кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон низ матраҳ шуд, ки дар шароити афзоши хавфҳо аз обуҳаво дар минтақа муҳиму рӯзмарра аст.

Ҳамкорӣ дар соҳаи таълиму омӯзиш нақши стратегӣ мебозад. Тавре ки agronews.com хабар медиҳад, 11 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар самти кишоварзӣ дар Беларус таҳсил доранд ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ин ҳамкориро рушд диҳанд. Дастгирии мутахассисон дар бахши кишоварзӣ яке аз омилҳои калидӣ дар устувории ин бахш аст.

Вазирони кишоварзии Тоҷикистону Беларус
Акс аз торнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон

 Афзоиши додугирифт: рақамҳо ва таваҷҷуҳ

Дар зарфи 5 моҳи аввали соли 2025 муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Беларус дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ба миқдори  34,8% афзудааст.

Беларус ба Тоҷикистон шакар, шири хушк, маҳсулоти гӯштӣ, чорво ва тухм содир мекунад. Аз Тоҷикистон меваи хушк, ришта ва матои пахтагин мегирад.

Ҷониби Беларус ҷиҳати афзоиши воридоти меваи хушк аз Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кард.

Зикр шуд, ки бо Агентии таъминоти моликияти махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон самти нави ҳамкорӣ оғоз мегардад. Дар соли 2025 ҷиҳати таъмин бо консерваи моҳӣ, гӯшти гови хунукшуда ва чорвои зотӣ 20 шартнома ба имзо расид. Ин созишномаҳо робитаҳои логистикӣ ва технологиро миёни кишварҳо мустаҳкам намуда, барои рушди занҷираҳои махсуси таъминот шароит фароҳам меоранд.

Вохӯриҳои оянда дар Душанбе

Иқдоми муҳими навбатӣ баргузор намудани ду чорабинии калидӣ дар шаҳри Душанбе хоҳад буд: аз 17 то 20 сентябри соли 2025 баргузории ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони кишоварзии кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи ин чорабиниҳо иштироки фаъолонаи намояндагони бахши хусусӣ, ба тасвиб расидани созишномаҳои нав ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.