Парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе - Дубай, ки қаблан ҳафтае се маротиба иҷро мешуд, аз 3-юми сентябри соли равон ҳамарӯза роҳандозӣ шуд. Чаро ин хатсайр ба ин андоза писандида шуд?

 

Транзит самташро иваз мекунад?

То чанд сол пеш Истанбул барои Тоҷикистон “дарвоза”-и асосӣ ба Аврупо ва дигар сатҳо буд, вале бо шадидтар шудани қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар ва ҷорӣ гардидани реҷаи раводид, аҳолӣ ба ҷустуҷӯи роҳҳои дигари алтернативӣ пардохтанд.

Дубай аз чанд ҷиҳат яке аз марказҳо (хабҳо)-и писанд барои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин ба мавқеи ҷуғрофӣ ва шароити сиёсиву иқтисодӣ марбут аст.

Нахуст, Дубай ба Тоҷикистон нисбатан наздик аст, бахусус дар муқоиса бо дигар марказҳои бузурги ҷаҳон ба мисли Истанбул ва Маскав. Ин вақти парвозро кам карда, Дубайробарои транзит байни Осиёи Марказӣ ва дигар қитъаҳои ҷаҳон табдил медиҳад.

Дуввум, парвозҳои пайваста ва хатсайрҳои мустақими зиёд банақшагирии осони сафарҳо тариқи Дубайро фароҳам меорад. Ҳамчунин, барои сафари минбаъда ба Аврупо, Амрико ва дигар минтақаҳо имкони зиёд мавҷуд аст.

Ғайр аз ин, барои шахсоне, ки барои транзити нисбат дарозмуҳлат дар Дубай бозмеистанд (масалан, чандин соат ё шабонарӯз), дар ин шаҳр барои истироҳати онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Шаҳри Дубай ҳамчунин, бо зерсохтори пешрафта ва сатҳи баланди амният маъруф аст, ки онро барои сайёҳон ҷолиб ва бароҳат месозад.

Илова бар ин, Дубай "хонаи диаспораи бузурги тоҷикон" мебошад, ки фаъолона бо ватанашон робита доранд. Ин барои афроде, ки тариқи транзит сафар мекунанд, ҷанбаи иловагии мусбат ба ҳисоб меравад.

Ба ин тариқ, "FlyDubai" эҳтимол бо назардошти афзоиши теъдоди мусофирони транзитӣ, маҳз барои қонеъ сохтани ин талабот парвозҳоро зиёд мекунад. Барои тасдиқи ин, омор мавҷуд нест, вале мантиқи бозор ва шарҳу навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин нукта ҳамчун муҳаррик ишора мекунанд.

Фурудгоҳи Дубай
Акс аз манбаъҳои боз

 

Тиҷорат ва оғози лоиҳаҳои нав

Тайи солҳои ахир Дубай ба яке аз платформаҳои бузург барои соҳибкорон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Муҳити мусоиди сармоягузорӣ, имтиёзҳо аз пардохти андоз ва дастрасӣ ба бозорҳои Халиҷи Форс, Амороти Муттаҳидаи араб (АМА)-ро барои оғози лоиҳаҳои нав (стартапҳо) ҷолиб гардонидаанд.

Намунаи барҷастаи ин ширкати "zypl.ai" мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори маъруфи тоҷик Азимҷон Азимӣ таъсис дода шудааст. Лоиҳаҳои нав дар соҳаи зеҳни сунъӣ қароргоҳашро ба Дубай кӯчонида, ҷиҳати ҷалби сармоягузорон роҳ ёфт ва имкон пайдо намуд, ки миқёси фаъолияташро дар Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои минтақа тавсеъа диҳад. 

Барои бисёре аз намояндагони тиҷорати хурду миёна Дубай на танҳо ҷойи гуфтушунидҳои корӣ, балки майдони роҳандозии шарикӣ, ҷустуҷӯи мизоҷон ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ шуд.

Барои оғози тиҷорат аз сифр намояндагони касбу ихтисосҳои нисбатан муосиру ҷавон ба ин кишвар мераванд.

Almaty.tv

 

Савдо ва логистика

Дубай на танҳо ба сифати маркази сайёҳиву молиявӣ, балки занҷираи бузургтарини нақлиёту логистика низ маъруф аст. Барои тоҷирони Осиёи Марказӣ он нақши “дарвоза” ба бозорҳои Халиҷи Форс ва Осиёро мебозад.

Бино ба маълумоти Бонки авруосиёии рушд (БАОР), ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳои Халиҷи Форс ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2024 ба 3,3 млрд доллар расида, дар муқоиса бо соли 2020 ба андозаи зиёда аз чор баробар афзудааст.

Онҳо зикр мекунанд, ки миёни кишварҳои Халиҷ, АМА пешсафи мутлақ мебошад, ки 97%-и савдо б кишварҳои Осиёи Марказиро таъмин мекунанд.

Ҳудуди 80%-и гардиши молу маҳсулот ба воридот аз кишварҳои Халиҷи Форс ба минтақаи Осиёи Марказӣ рост меояд.

Мутахассисони БАОР афзоиши минбаъдаи савдоро пешгӯӣ мекунанд. Имконоти истифоданашуда 4,9 млрд доллар арзёбӣ мешавад, ки 150% зиёдтар аз ҳаҷмҳои кунунӣ аст. Аз ин миқдор 4,4 млрд доллар ба содироти имконпазири кишварҳои Халиҷ (автомобил, электроника, маснуоти заргарӣ) ва 500 млн доллар ба содирот аз Осиёи Марказӣ (сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои ранга, маҳсулоти кишоварзӣ) рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар соли 2024 гардиши молу маҳсулоти ҷумҳурӣ бо кишварҳои Халиҷ дар муқоиса бо соли 2020 ба андозаи 4,7 баробар - аз 19,6 млн доллар то қариб 93 млн доллар афзудааст. 

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон миёни кишварҳои Халиҷи Форс, Амороти Муттаҳидаи Араб (дар соли 2020  ҳисса 93% ва дар соли 2024 - 99%) боқӣ мемонад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ба соҳикборон ҷиҳати ташкили интиқол, иштирок дар намоишгоҳҳо, роҳандозии муомилот ва таъмини устувории долонҳои савдо имкон медиҳанд. Дар шароите, ки иқтисоди Тоҷикистон ба воридоти бисёре аз маҳсулот вобаста аст, ин робита аҳаммияти стратегӣ касб мекунад.

Дубай Молл.
Акс аз gotour.com.ua

 

Сайёҳӣ ва муҳоҷират

Дубай ба туфайли омезиши осоишгоҳҳои муосири соҳилӣ, меъмории нодир, чорабиниҳои фарҳангӣ ва шароити қулай барои истироҳати оилавӣ ҷолиб аст.

Тибқи маълумоти Департаменти сайёҳии Дубай, соли 2014 ҳудуди 18,2 млн нафар аз Дубай боздид кардаанд, ки нишондиҳандаи рекордӣ шуморида мешавад.

Қисмати назарраси сайёҳон барои иштирок дар чорабиниҳои гуногун ба Дубай рафтаанд. Соли 2024 "Dubai Fitness Challenge" теъдоди рекордии 2,7 млн нафар иштирокчиро гирдиҳам овард.

Сафар ба Дубай аксаран истироҳат дар соҳили баҳр, сайру саёҳат (экскурсия), фароғати оилавӣ ва тиҷоратӣ маҳсуб меёбад.

Харид дар Аморот як ҷанбаи алоҳида аст. Бисёре аз савдогарони сарулибос, техника, маснуоти заргарӣ ва дигар маҳсулот аз Тоҷикистон маҳз дар ҳамин ҷо харид мекунанд, зеро Дубай маркази ҷаҳонии савдо дониста мешавад, ки дар маҷмааҳои бузургтарини савдои минтақавӣ тамаркуз ёфтаанд.

Омили иҷтимоиро низ набояд инкор кард. Дубай ҳамчунин маконест, ки дар он ҳазорон зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд.

Хатсайрҳои мустақим барои онҳо алоқа бо ватан, имкони нигаҳдории робита бо оила ва доимо баргаштан ба хона шуморида мешавад.

 

Дурнамои байналмилалӣ

Зиёдшавии хатсайрҳои Душанбе - Дубай як қисмати нисбатан густардаи раванди минтақавист. Кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои ахир робитаи ҳавоӣ бо Халиҷи Форсро босуръат афзоиш медиҳанд.

Бино ба маълумоти Иттиҳодияи байнулмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), давоми солҳои 2022-2024 равуои мусоифпрон байни Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс ҳамасола ба ҳисоби миёна 12-15% афзудааст, ки аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ зиёд мебошад.

Мутахассисони IATA инро бо якчанд омил шарҳ медиҳанд:

- тағйири хатсайрҳои ҳавоии ҷаҳонӣ (глобалӣ) бар асари сиёсати ҷаҳонӣ (геополитика),

- тавсеъаи маҷрои сайёҳӣ

- таваҷҷуҳи сармоягузорон ба минтақа.

"Мо шоҳиди онем, ки алоқаи ҳавоӣ байни Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс ба яке аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи ҳавонавардӣ (авиатсия)-и ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Барои Дубай ин як имкониятест ҷиҳати тақвияти мақоми бузургтарин маркази байналмилалӣ ва барои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя — имконест ҷиҳати суръат бахшидан ба ҳамгироӣ бо бозорҳои ҷаҳонӣ", — таъкид мекунад коршиноси минтақавии IATA оид ба Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ.
Дубай
Акс аз манбаъҳои боз

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ оид ба нақлиёт ва логистикаи низ ҳамин нуқта зикр мешавад. Дар ҳуҷҷат таъкид мешавад, ки “ҳамгироии бештар дар соҳаи ҳавонавардӣ  байни Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс метавонад маҳдудиятҳо дар долонҳои роҳи хушкигардро ҷуброн намуда, рушди савдо, сармоягузорӣ ва сармояи инсониро ҳавасманд созад”.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ ба Дубай барои Тоҷикистон маънои дастрасии стратегӣ ба иқтисоди ҷаҳониро низ дорад, зеро тариқи маркази Ховари Миёна занҷираҳои нави нақлиётӣ ташаккул меёбанд.

Оянда Душанбе метавонад ба қисмате аз “пул”-и ҳавонавардӣ байни Осиёи Ҷанубӣ, Ховари Миёна ва Аврупо табдил ёбад. Вале барои ин таҷдиди зерсохтор, бекор сохтани маҳдудиятҳо  дар фаъолияти фурудгоҳҳо ва сармоягузорӣ дар бахши хидматрасониҳо зарур аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.