Дар Тоҷикистон мавзеъҳои дурдасту душворгузар бар асари набудани роҳу манбаъҳои об хеле кам истифода мешаванд. Дар ин бора дар гузориши "Гузориши глобалии заминҳо. Ҳисоботи мавзӯӣ дар бораи чарогоҳҳо" (Global Land Outlook Thematic Report on Rangelands and Pastoralists), ки аз сӯи Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таҳия шудааст, иттилоъ дода мешавад.
Тибқи гузориши мазкур, маҳз чарогоҳҳо асоси иқтисоди деҳот маҳсуб меёбанд. Онҳо ҳудуди 3,1 млн гектарро фаро гирифта, то 70%-и чорворо, ки 60%-и хонаводаҳои деҳот парвариш мекунанд, бо хӯрока таъмин мекунанд.
Дар таҳияи гузориш дар бахши чарогоҳҳои Осиёи Марказӣ, мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматии вилояти Хатлон ва ВМКБ саҳм гузоштааанд.

Сарбории зиёдатӣ
Пас аз пошхӯрии колхозу совхозҳо, низоми идоракунии чарогоҳҳо дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои минтақа, таназзул кард. Ин ба як қатор мушкилот, ки ба устувории бахши кишоварзӣ, бахусус чорводорӣ таъсир мерасонанд, боис гардид.
Барзиёд чаронидани чорво ба камғизо шудан ва талаф ёфтани маҳсулнокии заминҳо оварда мерасонад. Дар ҳоле, ки аз чарогоҳҳои наздик хеле зиёд истифода мешавад, чарогоҳҳои дурдаст бар асари зерсохтори заиф, набудани роҳ ва об, хеле кам истифода мешаванд.
Ҳамчунин, тануззули хок ва қишри рӯйпӯши растаниҳо ба мушоҳида мерасад, ки бахусус дар ноҳияҳои доманакӯҳ, ки он ҷо чарогоҳҳо ба эрозия ва тахриб осебпазиранд, эҳсос мешавад.
Дар натиҷаи ин равандҳо хавфи биёбоншавӣ таҳдид мекунад, ки дар навбати худ ба коҳиши маҳсулнокӣ ва бад шудани сифати чарогоҳҳо боис мегардад.
Мувофиқи арзёбиҳо, зиёда аз 50%-и чарогоҳҳо дар Тоҷикистон ба ин ё он навъ дар ҳолати таназзул қарор доранд, ки ба амнияти озуқавории кишвар таъсир мерасонад.
Дар гузориш зикр мегардад, ки мушкилоте чун идоракунии ноустувори чарогоҳҳо ва сарбории зиёдатӣ ба онҳо, на танҳо барои Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Муғулистон хос аст. Ин ба оқибатҳои ҷиддии экологӣ ва иқтисодӣ оварда мерасонад.
Дар гузориш аҳамияти ҷорисозии тарзу усулҳои устувори идоракунии чарогоҳ, аз ҷумла даврабандии чаронидан (ҷойивазкунӣ), тарҳрезии истифодаи чарогоҳҳо ва рушди зерсохтор баҳри пешгирии таназзули минбаъда таъкид мешавад.
"Методҳои устутвор на танҳо метавонанд равандҳои таназзулро боздоранд, балки маҳсулнокии чарогоҳҳоро ба андозаи 20-30% зиёд кунанд, ки ба беҳбуди амнияти оозуқаворӣ ва дастгирии устувории ҷамоатҳои деҳот мусоидат менамояд",- зикр мешавад дар гузориш.
Роҳ ба сӯи камбизоатӣ ва муҳоҷират
Барои аҳолии деҳоти Тоҷикистон таназзули чарогоҳҳо оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад. Яке аз оқибатҳои муассир коҳиши дастрасӣ ба хӯрока барои чорво мебошад, ки мустақиман ба чорводорӣ - манбаи асосии даромад барои хонаводаҳои деҳот таъсир мерасонад.
Коҳиши маҳсулнокии чорводорӣ ба поинравии даромадҳо ва бад шудани сатҳи зиндагӣ боис мегардад. Дар шароити чарогоҳҳои заволёфта оилаҳои деҳот бо афзоиши хароҷот барои харидани хӯрока ва дигар душвориҳои молиявӣ рӯбарӯ мешаванд. Ин ба афзоиши камбизоатӣ, бахусус оилаҳое, ки ба чорводорӣ вобастаанд оварда мерасонад.
Дастрасии душвор ба чарогоҳҳои дурдасти Тоҷикистон бар асари набудани роҳу манбаъҳои об, истифодаи заминҳоро маҳдуд месозад.

Коҳиши даромад ва бад шудани шароитҳои зист ба афзоиши муҳоҷират сабаб мешавад. Барои дарёфти шароити беҳтари кору зиндагӣ бисёре аз сокинони деҳот, бахусус ҷавонон, ба ҷустуҷӯи кор дар шаҳрҳо ё хориҷи кишвар оғоз мекунанд.
Ин мушкили муҳоҷирати кориро афзуда, ба камшавии қувваи корӣ дар деҳот боис мегардад. Дар ин росто ҷамоатҳои дар ноҳияҳои баландкӯҳ иқоматдошта, ки дар ин ҷойҳо манбаъҳои ҷойгузини таъмини рӯзгор қариб ки нест, хеле осебпазиранд ва ин маҳаллаҳои аҳолинишин ҳарчи бештар ҷудо ва камбизоат боқӣ мемонанд.
Сабақҳои минтақа
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳри ҳалли мушкилоти марбут ба заволёбии чарогоҳҳо тадбирҳо рӯйи даст гирифта шуда, барои идоракунии устувори чарогоҳҳо равишҳои гуногун ҷорӣ карда мешаванд.
Ҷорӣ гардидани чаронидани давра ба давра ва бозгашт ба низомҳои омехтаи хоҷагидорӣ дар Қазоқистон, ки усулҳои анъанавиро бо роҳу усулҳои нав муттаҳид месозанд, натиҷаҳои мусбат нишон дод. Ин иқдом на танҳо ба беҳтар шудани ҳолати чарогоҳҳо мусоидат кард, балки маҳсулнокии чорводориро низ боло бурда, фишор ба низомҳои экологиро кам кард.

Дар Қирғизистон ва Тоҷикистон тайи солҳои ахир кумитаҳои чарогоҳӣ ташкил ёфтаанд, ки идораи заминҳоро дар сатҳи маҳаллӣ ба уҳда дошта, истифодаи бештар самараноки чарогоҳҳоро таъмин мекунанд.
Аммо ин кумитаҳо бо мушкилот, аз ҷумла норасоии захираҳо барои идоакунии мукаммал ва ҳамоҳансгозии начандон кофӣ байни сатҳҳои гуногуни ҳокимият ва ҷамоатҳои маҳаллӣ дучор мешаванд.
Мушкили таназзули чарогоҳҳоро чӣ гуна метавон паси сар кард?
Дар гузориш таъкид мешавад, ки ояндаи истифодаи устувори чарогоҳҳо дар Тоҷикистон аксаран ба равиши маҷмӯавӣ, ки ҳам аз таҳкими ниҳодҳои маҳаллӣ ва ҳам ҷорисозии тарзу усулҳои муосири идоракуни иборат аст, вобаста мебошад.
Яке аз ҷанбаҳои калидӣ таҳкими ниҳодҳои маҳаллии идоракунии чарогоҳҳо мебошад, ки дар он бунёди сохторҳои пурсамари маҳҳалӣ пешбинӣ шудааст. Онҳо бояд амалҳоро дар сатҳи ҷамоатҳо ҳамоҳанг сохта, тавозун байни истифодаи анъанавии чарогоҳҳо ва посбонии онҳоро таъмин кунанд.
Ҳамчунин боз яке аз самтҳои муҳим рушди зерсохтор барои беҳбуди дастрасӣ ба чарогоҳҳои дурдаст маҳсуб меёбад. Сохтмони роҳу таъминот бо об ва бунёди дигар иншооти зерсохтор ба тақими нисбатан баробари сарборӣ ба чарогоҳҳо ва коҳиши фишор ба қаламравҳои нисбатан дастрас имкон медиҳад.

Барои баланд бардоштани маҳсулнокии чарогоҳҳо ҷорисозии таҷрибаҳои устувор, аз ҷумла давра ба давра чаронидан, барқарор намудани рӯйпӯши алаф ва растаниҳои ҷангал зарур аст. Ин методҳо ба барқарор кардани на танҳо заминҳои таназзулёфта, балки беҳбуди шароит барои чорво имкон дода, манбаи устувори хӯрокаро таъмин ва сатҳи амнияти озуқавориро мустаҳкам мекунанд.
Ҳамгироии донишу таҷрибаҳои чӯпонҳо бо методҳои муосири пайгирӣ (мониторинг), аз қабили истифодаи маълумоти моҳвораӣ барои пайгирии ҳолати чарогоҳҳо ва ба анқша гирифтани чаронидан низ аз манфиат холӣ нест. Ин ба истифодаи самараноки чарогоҳҳо бо назардошти тавозуни анъанаҳои бисёрасра бо технологияҳои муосир шароит фароҳам меорад.







