Бар ивази бахшида шудани 329 млн доллар қарзи ҶСК “Барқи тоҷик” дар назди Ширкати мудирияти пружаи садд ва нерӯгоҳи “Сангтӯда – Сангоб” муҳлати истифодаи НБО “Сангтӯда-2” аз сӯйи ин ширкати Эрон барои 6 солу 4 моҳи дигар тамдид шуд. Қарор буд тобистони соли оянда истифода аз нерӯгоҳ ба ихтиёри Тоҷикистон гузарад.
Қарордоди иловагии №2 ба Созишнома оид ба хариди нерӯи барқ байни Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” ва Ширкати мудирияти пружаи садд ва нерӯгоҳи “Сангтӯда – Сангоб” аз 17-уми январи соли 2006 аввали моҳи октябри соли 2025 аз тарафи вакилони парлумон ҷонибдорӣ ёфт.
Тибқи ин қарордоди иловагӣ, муҳлати баргардонидани сармояи Ширкати мудирияти пружаи садд ва нерӯгоҳи “Сангтӯда – Сангоб” то 31-уми декабри соли 2032 тамдид карда шуд.
Ин ба он маъност, ки истифодаи НБО “Сангтӯда-2” аз ҷониби Ширкати мудирияти пружаи садд ва нерӯгоҳи “Сангтӯда – Сангоб”, ки тибқи қарордоди пештар имзошуда, моҳи августи соли 2026 поён меёфт ва ба ихтиёри Тоҷикистон мегузашт, ҳамакнун барои 6 солу 4 моҳи дигар, яъне то 31-уми декабри соли 2032 тамдид карда шуд.
Ин бори аввал нест, ки муҳлати истифодаи НБО “Сангтӯда-2” аз сӯйи ин ширкати Эрон тамдид карда мешавад. Пештар аз ин, соли 2014 ҳам ин муҳлат барои 2 сол дароз карда шуда буд.
НБО “Сангтӯда-2” аз соли 2012 то охири соли 2023 ба ҶСК “Барқи Тоҷик” 8,9 млрд кВт соат нерӯи барқ ба маблағи умумии 451,5 млн доллари ИМА фурӯхтааст. “ҶСК “Барқи тоҷик” 122,5 миллион доллар пули хариди барқро пардохт карда, дар назди НБО “Сангтӯда-2” 329 миллион доллар қарздор шудааст.
Ҳамакнун, тибқи қарордоди нав, истифодаи Ширкати мудирияти пружаи садд ва неругоҳи “Сангтӯда – Сангоб” то соли 2032 НБО “Сангтӯда-2”-ро истифода мекунад ва ҶСК “Барқи тоҷик” тибқи ҷадвал, марҳила ба марҳила як миқдор маблағ (дақиқ зикр намешавад) пардохт мекунад. Баъди ин, истифодаи НБО “Сангтӯда-2” пурра ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор мешавад.
Бояд гуфт, НБО “Сангтӯда-2” дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат аст.
Сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” 20-уми феврали соли 2006 оғоз шуд ва дар бунёди он 256 млн доллар харҷ гардид. Ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн доллар, ҳиссаи Эрон 180 млн доллар ва ҳиссаи ширкати эронии “Сангоб” 36 млн доллар аст.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста