Дар Тоҷикистон зиёд ё худ васеътар кардани боғҳои анор идома дошта, имрӯз масоҳати онҳо ба ҳудуди то 2700 гектар расидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Аз нисф зиёди ин боғҳо нав буда, дар ду-се соли наздик истеҳсоли анор дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон давоми як сол тақрибан 18 ҳазор тонна ҳосили анор ҷамъоварӣ мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисон, ин нишондиҳандаҳо ба туфайли шароити мусоиди табиӣ ва дастгирии мутамаркази боғдорӣ аз ҷониби давлат ба даст оварда шудааст.
“Анор маҳсулоти муҳими ғизоӣ ва воситаи доруворӣ буда, боғҳои анор макони истироҳат низ маҳсуб меёбанд. Ҳукумат афзоиши масоҳати боғҳои анор ва истеҳсоли ин маҳсулоти арзишмандро фаъолона дастгирӣ мекунад. Мо ҳам афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва ҳам беҳтаршавии сифати ҳосилро мушоҳида мекунем”, — таъкид намуданд дар институт.

Дар Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ барои солҳои 2025-2029, анор ба сафи зироатҳои афзалиятноки субтропикӣ мансуб дониста шудааст.
Дар барнома парвариши он дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо назардошти шароити иқлими маҳал ва интихоби навъҳои мутобиқгардида тавсия дода мешавад.
Дар ВМКБ, пеш аз ҳама дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, парвариши навъҳои “Мулоимдона” (парҳезӣ) ва “Сурханор” тавсия дода мешавад.
Барои вилояти Хатлон навъҳои "Турушмазза", "Шириндона", "Сурханор" ва "Мулоимдона", барои вилояти Суғд навъҳои "Мулоимдона", "Шириндона" ва "Сурханор" пешниҳод шудааст.
Ин гуна равиш ба бунёди боғҳои бештар устувор ва ҳосил, ки ба иқлими маҳаллӣ беҳтар мутобиқ мебошанд, имкон медиҳад.
Қисми асосии боғҳои анор дар вилояти Хатлон — дар ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Қубодиён ва Шамсиддини Шоҳин ҷойгир аст.
Дар вилояти Суғд ва водии Ҳисор анор нисбатан камтар парвариш мешавад.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пойгоҳи растаниҳои субтропикӣ амал мекунад, ки дар он селесионерҳо (тухмпарварон) навъҳои навро парвариш ва навъҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо донаи мулоим ва имконоти баланди содиротиро мутобиқ месозанд.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки имконти соҳаи мазкур ҳоло комилан мавриди истифода қарор нагирифтааст.
Мувофиқи арзёбии онҳо, дар Тоҷикистон аз як гектар ҳудуди 20 тонна ҳосили анори хушсифат мегиранд. Дар кишварҳое, ки дар парвариши анор пешсафанд, аз ҷумла Эрону Исроил ё Туркия ҳосилнокӣ баъзан зиёда аз 60 тонна аз як гектарро ташкил медиҳад.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста