Дар шаҳри Душанбе 1 кг гӯшти гови маҳаллии устухондор аллакай аз 100 сомонӣ зиёд шуда, 1 кг гӯшти хуби лаҳм то 145 сомонӣ расидааст. Дар пасманзари ин савол ба миён меояд: оё гӯшти арзон аз Беларусу Қазоқистон ва Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳо метавонад воқеъан ба бозор кумак кунад. Ва ин маҳсулот чӣ гуна аст?

 

Воридот роҳи ягона нест: талабот ва камбуди воқеии гӯшт

Тибқи ҳисобу китоби мутахассисон, талаботи аҳолии Тоҷикистон ба гӯшт айни замон тақрибан 380-385 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешавад. Ҳатто бо назардошти афзоиши истеҳсол, ҳаҷми умумии гӯшти “тоза” (баъди забҳ, бе устухон) ҳудуди 235-240 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Агар ба ҳар сари одам ҳисоб кунем, ин тақрибан 24 кг гӯшт дар як сол аст. Меъёри тавсияшуда 40,8 кг мебошад. Яъне кишвар ҳамагӣ наздик ба 58%-и меъёри истеъмолро таъмин карда метавонад.

Мантиқи мақомот аз ҳамин бармеояд: камбуди гӯшт бо воридот ҷуброн мешавад. Лекин агар ба рақамҳо нигарем, маълум мешавад: воридот муҳим буда, лекин манбаи афзалиятнок шуморида намешавад.

Соли 2024 ба Тоҷикистон ҳудуди 15,7 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ва тибқи банди ҷудогонаи "гӯшт ва маҳсулоти фаръии он" - зиёда аз 8,7 ҳазор тонна ба маблағи қариб 30 млн доллар ворид шуд. Ин ҳамагӣ чанд фоиз аз истеъмоли умумӣ аст, лекин сарфи назар ин, ин гӯшти воридшуда дар рафи дӯконҳои шаҳр қарор гирифта, дар таъоми ошхонаву қаҳвахонаҳо истифода мешаванд.

 

Гӯшти гов аз хориҷа

Бино ба маълумоти омори байнулмилалӣ, қисми асосии "гӯшти гови воридотӣ" гӯшти лаҳми зебо бастабандишуда нест, балки чорвои калони шохдори зинда (зотӣ ва барои забҳ), маҳсулоти гӯштии коркардшуда (консерваҳо, колбасаҳо, паштетҳо), гӯштҳои яхшуда ва пораҳои гӯшт барои коркард дар дохили кишвар мебошад.

Таҳвилгарони калидии чорвои калони шохдори зинда ба Тоҷикистон Русия, Беларус ва Қазоқистон буда, миқдори начандон зиёд аз Маҷористон (Венгрия) ва Эрон низ оварда мешавад. Гӯшти гови яхшуда дар “шакли тоза” начандон зиёд ворид карда мешавад: якчанд тонна аз Русия, Туркия ва Италия.

Яъне гӯшти арзони воридотӣ дар дӯконҳои фурӯш бештар гӯштҳои яклухти баста ва пораҳо (барои нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва коркард), ё гушт аз чорвое мебошанд, ки аввал зинда ворид намуда, парвариш ёфта ва сипас дар Тоҷикистон забҳ кардаанд.
Акс аз Asia-Plus

 

Чаро гӯшти гови аз Беларус воридшуда дар Тоҷикистон серхаридор шуд?

Тайи 2 соли ахир гӯшти истеҳсоли Беларус ба Тоҷикистон зиёд ворид мешавад ва харидор ҳам дорад.

Дар бозорҳои Душанбе, аз ҷумла “Саховат” 1 кг гӯшти гов аз Беларус 75-85 сомонӣ нарх дорад. Барои муқоиса: гӯшти гови маҳаллии устухон дор ҳудуди 90 сомонӣ ва лаҳм - 120-145 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Гӯшти гови аз Беларус воридшударо асосан онҳое, ки маҷбуранд сарфа кунанд ё баъзе аз тарабхонаҳову ошхонаҳои кишвар мехаранд.

Агентии “Тоҷикстандарт” расман изҳор дошт, ки воридоти гӯшт аз Беларус як василаи нигаҳдории нарх дар бозори дохилӣ буда, арзиши паст “маънои хатарнок будан”-и онро надорад.

Ба гуфтаи муовини аввали директори Агентӣ Раҳмоншо Мирзоён, ҳамаи маҳсулот аз Беларус аз санҷиши озмоишгоҳ гузашта, бехатар эътироф мешавад.

Ҳамзамон Беларус ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро фаъолона густариш мебахшад: ба ғайр аз гӯшт, боз чорвои зотӣ ва дастгоҳҳои байторӣ фиристода шуда, барои интиқоли гӯшти гови яхшуда ва консерва қарордодҳо имзо шудаанд.

Ҷолиб аст, ки дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ ҳиссаи гӯшти гови воридотӣ дар ҳоли афзоиш буда, маҳз гӯшт аз Беларус ба гуфтаи истеъмолгарон, писандидатарин миёни гӯштҳои воридотӣ аст: онро барои мулоиму хушмазза буданаш таъриф мекунанд дар ҳоле, ки гӯши Ҳиндустон ва Покистонро бештар қима (фарш) мекунанд.

 

Қазоқистон: таҳвилгари асосии гӯшт

Қазоқистон аз лиҳози гӯшт шарики калидии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Соли 2024 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи 1,4 млн доллар гӯшти гов ва ба маблағи қариб 3,9 млн доллар дигар навъҳои гӯшт ворид карда шудааст.

Ҳудуди 60%-и воридоти гӯшти гов ва 88%-и воридоти гӯшти паранда ба Тоҷикистон ҳиссаи Қазоқистон аст.

Воридоти буққачаҳои зинда ҷудогона аст. Моҳҳои ахир соҳибкорони тоҷик аз Қазоқистон зотҳои сергӯшти чорво мехаранд. Дар бозорҳо 1 кг вазни зинда 66-60 сомонӣ ва буққаи вазнаш 300 кг тақрибан 18 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад.

Чорворо ғизо дода, баъди ду–се моҳ онҳоро аллакай ҳамчун гӯшт бо нархи баландтар мефурӯшанд.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки чунин тарзи кор яке аз ангуштшумор роҳҳои воқеии афзоиши босуръати пешниҳоди гӯшт дар бозори дохилӣ ва беҳтар кардани сифати он ба ҳисоб меравад.

 

Афғонистон ва Покистон: чорвои зинда зери назорат

Афғонистон ҷойе ишора мешавад, ки он ҷо дар бораи чорвои арзон барои минтақаҳои наздимарзӣ сухан меравад.

Ба соҳибкорони минтақаи Кӯлоб воридоти чорвои зинда аз Афғонистон тариқи гузаргоҳҳои “Кокул” ва бозор дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин иҷоза дода шудааст.

Дар он ҷо ду сатҳи назорат роҳандозӣ шудааст: нуқтаҳои байториву беҳдошт дар сарҳад; карантини 20-рӯза, ташхиси хун ва ваксинзанӣ пеш аз ба бозори дохилӣ иҷоза додан.

Дар ҳамин ҳол, воридоти мустақими гӯшт ва маҳсулоти ширӣ аз Афғонистон мисли пешина манъ аст: ҷониби Афғонистон расман эътироф кард, ки сатҳи зарурии назорати байториро таъмин карда наметавонад.

Тоҷикистон бо Покистон дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ созишнома дорад, лекин ин ҷо бештар дар бораи чорвои зотӣ ва воридоти имконпазир сухан меравад, на доир ба интиқоли оммавии гӯшти яхшуда.

Таҷрибаи минтақа (Ӯзбекистон, Озарбойҷон) нишон медиҳад, ки гӯшти гов аз Покистон бисёр вақт ба сифати ашёи хом барои коркард ва хӯроки умумӣ истифода мешавад: истеъмолгарон аз дуруштӣ ва маззаи махсуси он, бахусусус зимни дубора ях кунонидан ва интиқол дар шароити бад шикоят мекунанд.

Акс аз Asia-Plus

 

Гӯшти воридотиро кӣ мехарад?

Харидори асосии гӯшти воридотӣ дар Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- ошхона, қаҳвахонаҳои арзон, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, зеро ба онҳо таъмини устувор ва нарх муҳим аст, на манбаи истеҳсоли маҳсулот;

- аҳолии шаҳр бо даромади миёна ва паст, ки роҳу воситаҳои сарфа аз гӯштро меҷӯяд.

Дар ҳамин ҳол, аксрияти оилаҳо барои хонаашон мисли пешин гӯшти маҳаллиро афзалтар медонанд, аз ҷумла барои он, ки 92%-и чорвои калони шохдор ва зиёда аз 80%-и бузу гӯсфанд маҳз дар хоҷагиҳои хусусӣ парваришу нигаҳдорӣ мешаванд. Мардум аз қассобоне, ки ба онҳо бовар доранд ё “худӣ” гӯшт мехаранд.

 

Мазза ва “алафи Тоҷикистон”

Ҳамаи қассобон ва истеъмолгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки таъму маззаи гӯшти гови воридотӣ мисли гӯшти тоҷикӣ нест.

Шарҳи онҳо содда ва то андозае асоси илмӣ дорад: маззаи гӯшт аз навъи хӯрока ва чарогоҳ, шароити нигоҳдорӣ, синнусолу зоти чорво, усули яхкунӣ ва нигоҳдорӣ вобастагии зиёд дорад.

Дар Тоҷикистон чорворо маъмулан дар чарогоҳҳои табиӣ мечаронанд, ҳайвонот алафу буттаҳои маҳаллиро мехӯранд. Истеъмолгарон маҳз ба ҳамин "одат кардаанд". Дар кишварҳои содиркунанда тавозун дигар аст: хӯроки ғалладона ва омехта (комбикорм) бештар буда, баъзан чорво дар оғилҳо (дохили бино) парвариш ва бо хӯрокдиҳии зиёд фарбеҳ карда мешавад. Пас аз яхкунӣ он бемаззатар мешавад.

Қассобон эътироф мекунанд, ки аз лиҳози талаботи беҳдоштӣ гӯштҳои воридотӣ маъмулан бад нестанд, аммо "таъмаш барои мардуми мо бегона менамояд". Аз ин рӯ, гӯшти гов аз Беларус ва Қазоқистонро бештар барои самбӯса, қимма ва хӯроки ба ин монанд истифода мебаранд, яъне дар ҷойҳое, ки мазза бо хамир, хӯришҳо ва равған якҷо мешавад. Вале барои пухтани палав одамон кӯшиш мекунанд, ки аз гӯштҳои маҳаллӣ истифода кунанд.

 

Воридот ба меъёрҳои бехатарӣ мутобиқ аст?

Посухи мақомот "бале, гӯшти воридотӣ ба меъёрҳо мутобиқат мекунад" аст.

“Тоҷикстандарт” мегӯяд гӯшти аз Белорус воридшуда мавриди санҷиш қарор гирифта, барои истеъмол бехатар аст.

Акс аз Asia-Plus

Ба воридоти чорвои зинда аз Афғонистон танҳо бо шарти гузаштан аз карантин ва таҳқиқот дар озмоишгоҳ иҷоза дода шуда, воридоти гӯшт ва маҳсулоти ширии истеҳсоли худи Афғонистон манъ аст.

Чорвои зотӣ ва забҳшуда аз Қазоқистон ва Русия аз назорати байтории хадамоти марбутаи ҳарду кишвар гузаронида мешавад.

Хатарҳои воқеӣ бештар на ба макони истеҳсол, балки ба амал дар дохили Тоҷикистон вобастаанд: ҷараёни яхгардонӣ ҳангоми интиқол ва фурӯш вайрон мешавад, гӯшт чанд маротиба ях кардаву боз об карда мешавад. Маҳз ҳамин омил, ба гуфтаи мутахассисон, аз ҳама зиёдтар ба мазза ва бехатарии маҳсулот таъсир мерасонад.

 

Воридот зиёд аст ё кам?

Агар ба рафу дӯконҳо дар шаҳри Душанбе бингаред, ба назар мерасад, ки “гӯшти воридотӣ хеле зиёд аст”.   

Акс аз Asia-Plus

Лекин рақамҳо чизи дигар мегӯянд:

- талаботи асосӣ — ҳудуди 380–385 ҳазор тонна гӯшт дар як сол; 

- истеҳсоли дохилии гӯшти “тоза” — тақрибан 235–240 ҳазор тонна;

- воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ — ҳудуди 15–16 ҳазор тонна дар як сол.

Яъне воридот шартан 4-5%-и истеъмол аз рӯйи ҳаҷмро ташкил медиҳад.

Воридот наметавонад мушкили гаронии маҳсулотро пурра ҳал кунад.

Меъёри истеъмоли гӯшт дар кишвар ҳудуди 40,8 кг барои як нафар дар як сол буда, дар амал аҳолӣ қариб ду баробар камтар истеъмол мекунанд.

Бо назардошти вазъи кунунӣ, метавон гуфт, ки то ҳаллу фасл шудани масоли заминавӣ аз қабили чарогоҳу хӯрока, қарзҳои дастрас барои чорводорон, сиёсати содиротии пешгӯишаванда ва дастгирии воқеии соҳаи чорводорӣ, гӯшт дар Тоҷикистон маҳсулоти гарон боқӣ мемонад.

Гӯшти воридотӣ чораи муваққатӣ ва метавон гуфт, "таваққуфи кӯтоҳ" метавонад бошад. Аммо омили аслии гаронии гӯшт дар кишварро дар хоҷагиҳои худи Тоҷикистон, ки  дар онҳо чорводорӣ на як тиҷорати фоидаовар, балки то ҳол кори ҳаваскорон мебошад, ҷустан лозим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.