Имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ дар соли 2026 барои як қатор корхона ва лоиҳаҳо дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2026” пешбинӣ шудаанд. Дар санад барои киҳо поин бурдани меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), аксиз ва андоз аз фоида ва киҳо пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод шудан зикр шудааст.
Имтиёз барои корхонаҳои коркарди гандум ва равғани растанӣ
Барои корхонаҳои коркарди гандум дар соли 2026 меъёри пастшудаи андоз аз арзиши иловашуда - 10% (меъёри стандартии ААИ - 14%) муқаррар карда мешавад.
Ин меъёр барои чунин корҳо амал мекунад:
- барои воридоти гандум (ба ҷуз гандуме, ки барои истееҳсоли молҳои зераксизӣ ворид карда мешавад);
- барои коркарди гандум;
- барои фурӯши маҳсулоте, ки аз гандуми коркардшуда истеҳсол шудааст, бо шумули маснуоти макарони истеҳсоли Тоҷикистон.
Меъёри 10%-и ААИ ҳамчунин барои фурӯши равғани растанӣ барои корхонаҳое, ки онро коркард мекунанд, низ пешбинӣ шудааст.
Барои фурӯши боқимондаҳои зироатҳои равғандор - кунҷора (хӯрока барои паранда ва чорво) меъёри боз ҳам пасттари ААИ - 7% муқаррар карда мешавад.
Навсозии нақлиёт ва маҳсулоти иҷтимоӣ барои Душанбе
Барои дастгирии навсозии парки автомашинаҳои мусофирбари пойтахт дар соли 2026 ба харидории автобус техникаи махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети Душанбе дастрас мешаванд, имтиёз дода мешавад.
Воридоти чунин техника, ки номгӯй ва шумораш аз ҷониби ҳукумат тасдиқ мешавад, аз пардохти нисфи меъёри муқарраршудаи АИИ (50%) ва комилан аз пардохти боҷӣ гумрукӣ озод карда мешаванд.
Реҷаи ҷудогонаи имтиёз барои КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” боқӣ мемонад.
Дар соли 2026 корхонаи мазкур аз пардохи ААИ зимни фурӯши маҳсулоти хӯокворӣ озод шуда, ҳангоми воридоти номгӯйи маҳсулоти аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда танҳо 50%и ААИ-ро пардохт мекунад ва дар ҳамин ҳол, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ комилан озод карда мешавад.
Ин ҷо сухан аслан сари поин бурдани сарбории андоз ба воридоти маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим ва нақлиёт барои пойтахт сухан меравад.
Сӯзишворӣ барои Марказҳои барқу гармидиҳӣ ва битум барои роҳсозон
Соли оянда ҳамчунин барои соҳаи энергетика ва бахши истифодаи роҳҳо низ имтиёзҳо ҷорӣ карда мешаванд.
Ба ин тариқ, воридоти мазути камсулфат барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе (ҶСК “Маркази барқу гармидиҳӣ”) дар соли 2026 бо андози аксизӣ танҳо ба андозаи 50% аз меъёри муқарраршуда андозбандӣ ва аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
Барои КВД “Роҳсоз”-и шаҳри Душанбе, ки ба сохтмон ва таъмири роҳҳо машғул аст, ба рӯйхати имтиёзҳо воридоти битуми роҳи тамғаи ДНД 60/90 дар назар аст.
Ба он ҳамагӣ 50%-и ААИ аз меъёри маъмулӣ ҳисоб шуда, зимни воридоти битум боҷи гумрукӣ ситонида намешавад.
Ҳаҷми сӯзишворӣ ва битум дар ҳарду ҳолат аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешавад.
Сохтмонҳои бузург бо нисфи ААИ ва андоз аз фоида
Қисми назарраси имтиёзҳо ба сохтмонҳои бузург, ки бисёре аз онҳо чандин сол дар рӯйхати имтиёздорон зикр мешаванд, дахл доранд.
Аз пардохти ААИ ва 50% андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ корҳо ва хидматрасониҳои фармоишгарон ва паймонкорони кулл дар иншооти зерин озод карда мешаванд:

- меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар Душанбе;
- маҷмааи бисёсоҳавӣ барои савдо ва хидматрасонӣ дар Душанбе;
- Театри миллии Тоҷикистон;
- варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар Душанбе;
- бинои нави Вазорати саноат;
- толори универсалии ҷаласаҳои Муассисаи давлатии “Маҷмааи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ”;
- роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло – Ворух»;
- корҳо оид ба ободонии чорроҳаи нақлиётии роҳҳои автомбилгарди Исфара - Ворух ва Ош - Раззоқов;
- маркази байнулмилалии таълимӣ барои кӯдакони боистеъдод дар хиёбони Нусратулло Махсум (Душанбе);
- муассисаи давлатии “Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский” дар Душанбе;
- бинои иловагӣ бо 144 ҷой дар назди муассисаи таълимии №16 дар деҳаи Оби Ширин (шаҳраки Кангурт, ноҳияи Темурмалик);
- бинои иловагӣ бо 144 ҷой дар деҳаи Меҳтар (шаҳраки Оқсӯ, ноҳияи Данғара).
Дар соли 2026 фармоишгарон ва бинокорони ин иншоот танҳо нисфи андози стандартӣ аз рӯи кори хидматрасониҳои марбут ба сохтмони иншооти мазкурро пардохт мекунанд.
Бо меъёри алоҳида пешбинӣ шудааст, ки воридот маҳсулот барои бисёре аз ин иншоот (таҷҳидот, мавод ва ғайра) бо ҳаҷму номгӯи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда ҳамчунин аз 50% пардохти ААИ озод ва аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
Истисноҳо (варзишгоҳ, Театри миллӣ, толори ҷаласаҳои маҷмааи меҳмонхонаҳо ва як қатор “иншооти махсусан муҳим) ҷудогона танзим шуда, ба ин имтиёзҳои воридотӣ мансуб нестанд.
Иншооти бузурги энергетикӣ бидуни фоизҳо аз рӯи қарзҳои андоз
Банди ҷудогона ба иншооти бузурги энергетикии кишвар - ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ва ҶСК “НБО Роғун” дахл дорад.
Аз маблағи қарзи андози онҳо, ки бо сабаби интиқоли барқ аз ҶСК “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омадааст, дар соли 2026 фоизҳо (пеня)-и дар моддаи 139 Кодекси андоз пешбинишуда ҳисоб карда намешаванд.
Дар асл ин боздоштани ҷаримаҳои таҳримӣ аз рӯи қарзи аллакай ҷамъшудаи ширкатҳои энергетикӣ дар назди буҷетро ифода мекунад.

Имтиёзҳо барои ВКХ, бланкаҳои шиноснома ва Роғун
Вазорати корҳои хориҷӣ низ дар соли 2026 имтиёзҳо мегирад: воридоти бланкаҳои шиноснома бо ҳомилҳои маълумоти электронӣ аз пардохти 50% АИИ ва аз пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
Барои консорсиуми «Tractebel Engineering S.A.» (филиали он дар Тоҷикистон), ки намояндаи фармоишгар дар сохтмони НБО “Роғун” аст, сабукиҳои зерини андозӣ пешбинӣ шудааст:
- кору хидматрасониҳои косорсиум оид ба шартномаи дуҷониба 50% аз пардохти ААИ ва 50% аз андози даромади шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешаванд;
- кору хидматрасониҳои паймонкорони фаръии консорсиум 50% аз пардохти ААИ озод карда мешаванд.
Ин боз як гувоҳи тасдиқи он аст, ки лоиҳаи сохмтмони “Роғун” дар сафи афзалиятнокҳо барои давлат боқӣ мемонад.
Тухмӣ, чорво, хӯрока ва захираҳои давлатӣ
Бахши кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ боз як бахши бузурги имтиёзҳоро дар бар мегирад.
Аз пардохти ААИ дар ҳаҷми 50% аз меъёри муқарраршуда ва пурра аз пардохти боҷҳои гумрукӣ воридоти маҳсулоти зерин озод карда мешавад:
- тухмии зироатҳои кишоварзии категорияи супербаргузида (суперэлита), элита ва репродуксияи аввал;
- тухмии хушсифати пилла барои кирмакпарварӣ;
- гул ва буттаҳои ороишӣ;
- дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда;
- чорвои зотӣ ва сергӯшт;
- ҳамаи навъҳои хӯрока барои чорво.
Дар Агентии захираҳои давлати моддии назди ҳукумати ҶТ низ реҷаи имтиёзҳо боқӣ мемонанд. Воридот ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки барои ташкили захираҳои давлатӣ роҳандозӣ мешаванд, 50% аз пардохти ААИ ва пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Ба ин тариқ, давлат арзиши ташкили захираҳои давлатӣ, воридоти маҳсулоти махсусан муҳим барои бахши кишоварзӣ ва амнияти озуқавориро поин мебарад.
Кабудизоркунии пойтахт
Воридоти дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ барои шинонидани онҳо дар боғу кӯча ва хиёбонҳои Душанбе, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр тибқи номгӯй ва шумори тасдиқшуда аз ҷониби ҳукумат 50% аз пардохти ААИ ва пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Ин ҷо дар асал сари поин бурдани арзиши лоиҳаҳо оид ба ободонӣ ва сабзгардонӣ (кабудизоркунӣ)-и шаҳр сухан меравад.

Донишкадаи Сингапур, маркази савдову фароғат ва тиббӣ
Бастаи назарраси имтиёзҳо барои сохтмон ва фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе ва иншооти марбут ба он пешбинӣ шудааст.
Сохтмон ва фаъолияти филиали донишкада аз пардохти андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андози замин озод шуда, кормандони филиал танҳо 50% аз меъёри муқарраршудаи андози иҷтимоиро пардохт мекунанд.
Ғайр аз ин, воридоти таҷҳизоту маҳсулоти зарурӣ барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонӣ ва истифодаи филиал 50% аз пардохти ААИ ва пурра аз боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Ҳамчунин зимни воридоти таҷҳизоту маҳсулоти зарурӣ барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии “Маркази савдову хидматрасонӣ ва фароғатӣ” дар кӯчаи Титови шаҳри Душанбе ва барои сохтмони муассисаи тиббии бисёрсоҳавӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ дар пойтахт имтиёзҳо пешниҳод карда мешаванд.






