Тоҷикистон ният дорад, маблағгузорӣ ба бахши энергетикӣ ва сӯзишвории кишварро дар соли оянда қариб 80% зиёд кунад. Дар ин бора дар лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2026”, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, зикр шудааст.
Дар матни лоиҳаи қонун гуфта мешавад, соли 2026 ҳудуди 15 млрд сомонӣ (зиёда аз 1,6 млрд доллар) ҷиҳати маблағгузорӣ ба бахши сӯзишворӣ ва энергетикӣ равона мешавад. Маблағи зикршуда 22,4% аз хароҷоти умумии буҷетро дар соли оянда ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети кишвар ба маблағи ҳудуди 67 млрд сомонӣ (7,2 млрд доллар) муқаррар шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳудуди 90%-и маблағи буҷет, ки ба бахши сӯзишворӣ ва энергетикӣ равона мешавад, барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сарф карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, маблағгузории соҳаҳои калидии иҷтимоӣ аз буҷет дар соли 2026 ба тариқи зайл тарҳрезӣ шудааст:
- маориф – 13,7 млрд сомонӣ;
- тандурустӣ – 5 млрд сомонӣ;
- суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 8,5 млрд сомонӣ.
Даромадҳо қариб аз се як ҳисса зиёд мешаванд
Қисми даромади буҷетии давлатии соли 2026 зиёда аз 65 млрд сомонӣ (ҳудуди 7 млрд доллар) ӣа нақша гирифта шудааст, ки 31% зиёдтар нисбат ба даромади муқарраршудаи буҷети соли равон аст.
Дар лоиҳаи буҷети давлатии соли оянда воридоти маблағ ба буҷет аз сарчашмаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

Касри буҷет аз кадом ҳисоб рӯйпӯш мешавад
Пешниҳод шудааст, ки андозаи ҳадди ниҳоии касри буҷети давлатии соли 2026 дар ҳаҷми 1%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) - наздик ба 2 млрд сомонӣ муқаррар карда шавад.
Рӯйпӯш кардани нисфи касри буҷет аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ, яъне ҷалби қарзи дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои рӯйпӯш сохтани нисфи боқимондаи касри буҷет истифодаи сарчмашмаҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:
- хусусигардонӣ ва иҷораи молу мулки ҷумҳуриявӣ – 60 млн сомонӣ;
- маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати то 1-уми январи соли 2026 – 10 млн сомонӣ;
- грант ва қарзҳои созмонҳои молиявии байнулмилалӣ бо назардошти бақияи солҳои пешин – 76,4 млн сомонӣ;
- сарфаи маблағ аз тендерҳои хариди давлатӣ – 50 млн сомонӣ;
- барзиёд иҷро шудани нақшаи даромадҳо ва маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 – 70,2 млн сомонӣ.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста