Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Турсунзода бар асари беэҳтиётии ронанда роҳгузари 13-сола ба ҳалокат расид.
Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар роҳи мошингарди самти деҳаи Ленинизм ронандаи автомобили «Опел Вектра» Суматулло Сафаров аз ӯҳдаи удораи мошин набаромада, роҳгузари ноболиғ Рустам Ашӯровро пахш мекунад. Аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта аксари садамаҳои нақлиётӣ бар асари бо суръати баланд рондани автомобил рух додаанд. Ҳафтаи супаришуда дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирфта шуд, ки бар асари он 23 нафар ба ҳалокат расида, 53 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста