Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Сӯхторе, ки субҳи имрӯз дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт рух дод, хомӯш карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Каримов хабар дод, оташ масоҳати ҳудуди 1 ҳазору 800 метри мураббаъи бозорро фаро гирифта, маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои наздики он пурра сӯхта нобуд гардидаанд.
Сӯхтор соати 6-и субҳ сар зад. Дарҳол ба ҷои ҳодиса 13 гурӯҳи сӯхторнишонӣ ва 6 мошини обпош ҳозир шуданд. «Пас аз як соат хомӯш кардани оташ муясаар гардид ва айни замон майдони оташ тозаву бехавф карда мешавад», - гуфт М.Каримов ва афзуд, ки ба хомӯш кардани сӯхтор 150 нафар кормандони раёсати сӯхторнишонӣ ва намояндагони мақомоту сохторҳои дигар сафарбар шуданд.
Феълан дар ҷои ҳодиса баҳри муайян сохтани сабаби сар задани сӯхтор якчанд гурӯҳҳои фавриву тафтишотӣ кор мекунанд.
Аз 1 млн. сомонӣ зиёдтар будани маблағи хисорот аз эҳтимол дур нест. Талафоти ҷонӣ ва ё ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани касе ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки 13-уми августи соли ҷорӣ дар бозори «Корвон» низ сӯхтор ба амал омада буд, ки бар асари он 60 контейнери мол ва ду ангар пурра нобуд шуда буданд. Мувофиқи хулосаи комиссияи махсус, дар бозори «Корвон» сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан рух додааст, вале то ҳол гунаҳкорон ёфт нашудаанд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста