Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Идораи СММ оид ба ҳамоҳангсозии масоили гуманитарӣ ба кишварҳову созмонҳои мададрасон бори дигар аз вазъи душвори Тоҷикистон ёдовар шуд. Дар гузориши маркази иттилооти СММ гуфта мешавад, бар асари боронҳои шадиди давомнок, обхезӣ ва фаромадани лойқаву ярч аз 58 ноҳияи кишвар сокинони 40 ноҳия осеб диданд.
Зикр мегардад, ки то ҳанӯз 12 ҳазор нафар осебдидагон ба кӯмаки таъҷилӣ ниёз доранд ва мушкилоти асосии сокинони иқоматгоҳҳои муваққатӣ дар хаймаҳо норасоии оби нӯшокӣ аст. «Агентиҳои гуманитарии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта аз созмонҳову кишварҳои мададрасон даъват мекунанд, ки баҳри кӯмак ба Тоҷикистон 1,3 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо созанд», - изҳор доштааст сухангӯи СММ Мишел Монтас.
Дар гузориш хотиррасон карда мешавад, ки СММ барои харидории хаймаҳои истиқоматӣ, маводи сӯзишворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба Тоҷикистон 120 ҳазор доллар маблағ ҷудо кард.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста