Душанбе, 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе як зани 24-соларо бо миқдоре аз маводи сахттаъсири героин боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар дохили меъда мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Санкт-Петербург, сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст. «Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин зан дар дохили меъдааш 52 адад ғилофак (контейнер)-ро бо 500 грамм маводи героин ба хориҷи кишвар интиқол доданӣ будааст», - гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) 32, қ.3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон ҷиҳати муайян кардани шахсони дигари ба ин амал дастдошта чораҳо андешида мешаванд.