Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» – | Аввали ҳафтаи равон дар фурудгоҳҳои пойтахт афроди навбатии гумонбар ба интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи душанбе, 30-юми май, дар фурудгоҳи пойтахт зимни азназаргузаронии гумрукии мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав ба гумони даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба хориҷи кишвар як зани 23-сола боздошт гардида, муайян карда шуд, ки дар меъдаи зани ҷавон 75 адад ғилофаки дорои 575 грамм маводи мухаддири сахттаъсири героин мавҷуд будааст.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб кормандони гумрук ба чунин гумон шаҳрванди 23-сола Х.Х.-ро низ боздошт намудаанд, ки ният доштааст, дар 93 адад ғилофак дар дохили ду шишаи пластикии афшураи тути сиёҳ 685 грамм ҳашишро ба пойтахти Русия интиқол диҳад. «Дар ҷараёни тафтишоти минбаъда боздоштшуда иқрор шуд, ки ин миқдор маводи мухаддирро барои «мукофотпулии хуби ваъдашуда» ба Маскав бурданӣ будааст», - афзуд сарчашма.

Зикр гардид, ки аз рӯи ин далелхо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, айни замон ҷиҳати муайян сохтани афроди дигари дар ин амал дастдошта чораҳо андешида мешаванд.