Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 78 ҳодисаи офати табиӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 195 ҳодиса) рух дод, ки бар асари он 8 нафар (соли 2010 – 49 нафар) ба ҳалокат расиданд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳайбулло Латифов дар робита ба ин масъала мегӯяд,  хушбахтона, соли равон нисбат ба соли гузашта ҳодисаҳои офатҳои табиӣ ва ҳаҷми зарари расида аз онҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

«Дар ин давраи ҳисоботӣ аз офатҳои табиии гуногун 662 (соли 2010 – 3 ҳазору 844) манзили зист осеб дид, ки ҳаҷми умумии зарари расидаи он ба 1 млн. 702 ҳазору 300 сомонӣ (соли 2010 – 21 млн. 131 ҳазору 800 сомонӣ) баробар аст», - изҳор кард вай.

Ба қавли Ҳ. Латифов, ҳаҷми умумии зарари расида аз офтаи табиӣ дар соли равон 38 млн. 622 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда соли гузашта 231 млн. сомониро ташкил медод.

Дар ҳамн ҳол, номбурда изҳор кард, ки дар муқоиса бо соли гузашта шумори фавтидагон дар иншооти обӣ қариб ду маротиба афзудааст, зеро дар гармии тоқатфарсо сафи хоҳишмандони оббозӣ кардан дар кӯлу обанборҳо хеле зиёд аст.