Қӯрғонтеппа. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар рӯдхонаву обанборҳои ҷумҳурӣ 63 нафар ғарқ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, соли равон дар иншооти обии вилояти Хатлон 11 нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди ҲФ ва МГ-и вилояти Хатлон Ҳокимшо Шарифов иттилоъ дод, сабаби аслии ба ҳалокат расидани шаҳрвандон – интихоби ҷойи ноқулай оббозӣ ва беэҳтиётии онҳо аст.
Ба қавли Ҳ.Шарифов, қаблан ситод бо таҷҳизот барои баргузории корҳои ҷустуҷӯйӣ ва наҷотдиҳӣ таъмин набуд. «Чанде қабл Барномаи рушди СММ ба мо ду комплекти таҷҳизоти «Водолаз» тақдим намуд ва акнун имконоти наҷотдихандагони вилоят бештар гардида, ғаввосон тамоми фасли сол метавонанд дар чуқурии зиёд кор кунанд», - гуфт ӯ.
Дар робита ба афзудани шумори ғарқи одамон дар об, наҷотдиҳандагон бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунанд, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, мувофиқи имкон макони оббозии иҷозатдодашударо интихоб созанд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста