Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд бар асари заминларзаи шаби 20-уми июл як нафар ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Исмоил Исмоилов хабар дод, шахси қурбоншуда сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд Абдуллоҷон Аскаров аст. «Ӯба сохтмони манзили зисташ машғул буда, шабона дар бинои сохтмонаш нотамом мемонад ва ҳангоми заминларза аз ошёнаи дуюми бино худро ба замин меафканад. Дар натиҷа ҷароҳатҳои зиёд бардошта, ба ҳалокат расидааст», - гуфт ӯ.

Исмоилов иброз дошт, ки ҳамчунин бар асари заминларза чор нафар сокини шаҳри Хуҷанд низ осеб дидаанд. «Зимни саросемавор тарк кардани хонаҳои худ дасту пойи чанде аз онҳо шикастааст», - афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки шаби 19 ба 20-уми июли соли равон  дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Заминларза соати 00:35 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Дар маркази заминларза, ки дар 280 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе - дар қаламрави Қирғизистон воқеъ буд, қувваи он аз рӯйи ҷадвали 12 балла 6-7 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 4 балл баробар буд.

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ, дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон бар асари ин заминларза 13 нафар ҳалок ва беш аз 80 тан ҷароҳат бардоштаанд. Дар Қирғизистон шумори ҷароҳатбардоштагон 15 нафарро ташкил медиҳад.