Дар давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон аз дуди ғуборолуди ангишт шаш нафар ба ҳалокат расиданд, ки чор нафарашон кӯдакон мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Алюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 11-уми декабр дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ду ҳодисаи фоҷеабор рух додааст.

«Дар ҳарду ҳодиса ҳам соҳибманзилон бинобар сабаби набудани барқ, хонаҳои худро бо ангишт гарм карданӣ шуда, аҳли оила аз дуди ғуборолуди он нафасгир ва ба ҳалокат мерасанд», - гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Рӯдакӣ як зани 29-сола ва се фарзанди 8,9 ва 11-солаи ӯ ва дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ зани 49-сола ва духтари 13-солааш ба ҳалокат расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ сар аз 12-уми октябр дар Тоҷимкистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ карда шуд. Бино ба маълумои ширкати «Барқи тоҷик», ба минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар лимити барқ амал намекунад. Аммо аксари сокинони манотиқи ҷумҳурӣ аз он шикоят доранд, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ якчанд соат бо барқ таъмин мегарданд.