Дар Федератсияи Русия боз як зодаи Тоҷикистон кушта шуд. Шоми 9-уми декабр дар яке аз истгоҳҳои автомобили шаҳри Магнитогорск зодаи ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон Сайбурҳон Қирғизов ҳадафи тир қарор гирифт. Фавтида шиносномаи шаҳрвандии Русияро ҳам доро буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Русия Бахтиёр Султонов хабар дод, аз рӯйи далели кушта шудани С.Қирғизов, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Кормандони пулиси шаҳр ҷиҳати ҳарчи зудтар ошкор сохтани ҷинояти мазкур тадбирҳо меандешанд. Диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск ҷараёни тафтишотро пайгирӣ намуда, дар ин самт бо мақомоти интизомии шаҳр ҳамкории наздик ба роҳ монд», - гуфт Султонов.

Б.Султонов афзуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд фарзия, аз ҷумла фарзияи марбут ба фаъолияти касбии марҳумро низ мавриди санҷишу тафтишот қарор додаанд.