Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи душанбе, 12-уми ноябр, дар километри 224-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваст, се нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи навъи «Опел-Вектра» сокини 22-солаи шаҳри Истаравшан Х.Н. суръати ҳаракати мошинро зиёд намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебарояд. «Дар натиҷа автомашина ба самти муқобили ҳаракати роҳ  баромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, аз зарбаи автомашина ба дарахт ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафар мусофирони автомашина – сокинони шаҳри Истаравшан Х.Р.-22-сола ва Ф.У.-и 21-сола ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардоранд ва ҳангоми интиқол ба беморхона фавтидаанд.