Бар асари сӯхтор дар шаҳри Екатеринбурги Русия ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, ҳалокшудагон – сокини 26-солаи деҳаи Исроилободи ноҳияи Ваҳдат Акмал Бӯриев ва сокини 25-солаи участкаи Қизил-Тоҷикистони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Зокирҷон Раҳимов мебошанд.

«Ҷасадҳои онҳо субҳи рӯзи 31-уми январ пас аз хомӯш кардани сӯхтор дар яке аз манзилҳои хусусӣ дар шаҳри Екатеринбург дарёфт шуданд», - гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, мақомоти дахлдори шаҳри Екатеринбург дар робита ба ин ҳодиса маводи зарурӣ ҷамъ оварда, корҳои тафтишотӣ мегузаронанд.

Намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ҷиҳати расонидани кӯмак дар тафтишоти қазияи мазкур ва мусоидат ба ҳарчи зудтар интиқол додани ҷасадҳои фавтидагон ба ватан чораҳои зарурӣ меандешад.