Субҳи имрӯз ҳукумати кишвар ва мақомоти раҳбарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар ба шахсоне, ки дар ағбаи Анзоб миёни тармаҳо монданд, кӯмак фиристоданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ Ориф Нозимов хабар дод, барои ҳудуди 200 нафар шаҳрвандон ва кормандони кумитаи мазкур, ки миёни тарма асир афтодаанд, 1 ҳазор дона нон, 300 дона консерваҳои гӯштӣ ва мевагӣ, 300 кило орд, 32 кило макарон ва ҳамин миқдор шакару чой ва равған фиристода шудааст.

«Айни замон техникаҳои зиёди вазорату идораҳои гуногун баҳри наҷоти мардум аз асорати тарма сафарбар шудаанд», - гуфт вай.

Номбурда гуфт, хушбахтона, дар ин ҳодисаҳои тармафароӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири нақлиёти ҶТ Худоёр Худоёров гуфт, феълан баҳри бартараф намудани оқибати офати табиӣ дар қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд 12 адад техникаи Вазорати нақлиёт ва ширкати IRS истифода мегарданд.

Муовини вазир, ки шоми дирӯз дар ин қитъаи роҳ буд, аз он изҳори таассуф мекунад, ки зимни ҳолатҳои фавқулодда ронандагон саҳлангорона ба қоидаҳои ҳаракати роҳ риоя намекунанд. «Аксари ронандагон аз Душанбе ба Хуҷанд ва бозгашт аз он ҷо бо автомашинаҳои сабукраве, ки барои ҳаракат дар ағбаҳои кӯҳӣ пешбинӣ нашудаанд, ба сафар баромадаанд. Ғайр аз ин, онҳо автомашинаҳои худро дар миёни роҳ ва нақбҳои селпарто гузошта мераванд, ки ин ба кормандони масъули тозакунии роҳ мушкилоти  иловагӣ пеш меорад», - гуфт вай.