Бар асари фаромадани тарма дар километрҳои 79 ва 83-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ду нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин роҳ то ҳанӯз хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, ҷасади сокини 66-солаи ноҳияи Варзоб ва сокини 20-солаи ноҳияи Айнӣ субҳи имрӯз аз зери барф берун оварда шуда, ба хешовандонашон супурда шудаанд.

Рӯзи сеюм аст, ки ба иллати тармафароиҳои зиёд ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон ғайриимкон шудааст.

Корҳои тозакунии роҳ аз ҷониби ширкати Innovative road solutions (IRS) анҷом дода мешаванд. Рӯзи 13-уми март устои ширкати мазкур Ниёзқул Қулов низ зери тарма монда , ҷустуҷӯйи ҷасади ӯ то ҳанӯз идома дорад. Рӯзи панҷшанбе автомашинае, ки зимни фаромадани тарма ӯ дар дохилаш қарор дошт, дарёфт шуд, вале ҷасади усто дар он набуд.

Ширкати IRS огоҳ менамояд, ки хавфи тармафароӣ то ҳанӯз вуҷуд дошта, дигарбора фаромадани тарма дар қисматҳои тозашудаи роҳ низ аз эҳтимол дур нест. Айни замон дар минтақаи мазкур барф борида истодааст.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз тармаи фаромада дар километри 765-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб ҳаракати нақлиёт миёни маркази ВМКБ ва Мурғобро қатъ сохта, тармаи поиншуда шоми дирӯз дар роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар-Тавилдара низ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 2 то 26-ум километри ин роҳро ғайриимкон намуд.