Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд 6 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки миёни онҳо як духтари ноболиғ низ ҳузур дошт.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилоят, дар ҳама ҳолатҳо худкушӣ тариқи худро ба дор овехтан сурат гирифтааст.

Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Истаравшан сокини 35-солаи ҷамаоти Гули Сурх, дар шаҳри Хуҷанд падари 36-солаи се фарзанд ва дар ноҳияи Ғончӣ модари 24-солаи ду нафар кӯдакон дар манзили зист худро ба дор овехтаанд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтари ноболиғ, толибилми синфи 10-ум дар ошхонаи хонаашон худро ба дор овехта ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин як духтари 19-сола, сокини шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод низ дар ҳаммоми хона бо ин роҳ худро ба ҳалокат расонидааст. Як сокини 62-солаи шаҳри Конибодом низ дар ҳолати мастӣ худро дар ошхонаи манзили зисташ ба дор овехта, ҳалок шудааст.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти маҳаллии прокуратура ин далелҳоро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар пайи ошкор кардани сабабҳои ба ин амал даст задани фавтидагон мебошанд.

Тибқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи ду моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 37 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон (ҳамин давраи соли гузашта – 35 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки 23 нафари онҳоро мардон (3 ноболиғ) ва 14 нафарашон (1 ноболиғ)-ро занон ташкил медиҳанд.